Ба иттилои сардори маркази матбуоти Хадамоти давлатии оташнишонии Бадахшон Шамсия Қурбонҷонова, сӯхтор ҳудуди 800 метри мураббаъ аз масоҳати бозорро хароб сохта ва ҳаҷми зарар ба 600 ҳазор сомонӣ баробар будааст.
Ба гуфтаи вай, дар натиҷаи талоши кормандони Хадамоти оташнишонии вилоят ва ихтиёриён, муяссар шудааст, ки баробар ба ду миллион сомонӣ моли тоҷирон дар фурушгоҳҳои ҳамшафат, наҷот ёбад.
Бар асари оташсӯзии рӯзи сешанбе, як қисмати бозори "20-солагии истиқлол" ба коми оташ рафт. Ба гуфтаи манбаъи Озодӣ, сӯхторнишонҳо тавонистаанд баъди тақрибан як соат сӯхторро хомӯш кунанд. Анвар Шоҳлангаров, раиси Хадамоти сӯхторнишонии Бадахшон ба Озодӣ гуфт, ҳанӯз сабаби сӯхтор дар бозор ташхис нашудаст.
Раиси шаҳри Хоруғ Фаромӯз Имомбердиев аз маҳалли оташсӯзӣ дидан карда ва бо тоҷирони осебдида мулоқот кардааст. Бозорнишинон гуфтаанд, ки онҳоро ду сол пеш иҷборан ба ин бозор кӯчонда буданд, дар ҳоле ки шароити ҳам бехатарӣ ва ҳам тиҷорат дар бозори кӯҳна барояшон беҳтар буд.
Дар маҷмӯъ дар бозори "20-солагии истиқлол", ки соли 2011 ба муносибати 20 - умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ифтитоҳ шуда буд, беш аз 1000 нафар машғули тиҷорат мебошанд.