Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сӯҳбати Зарифӣ мантиқан ҳокист, ки мушкилиҳо вуҷуд дорад"


Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки дар муносиботи Русияву Тоҷикистон мушкил вуҷуд надорад ва ҳар масъалае, ки пеш меояд, тахаюлот ва бофтаҳои расонаҳои хабарист.

Таҳлилгарони рус мегӯянд, худи ҳамин нукта, ки оқои Зарифӣ дар бораи мушкилиҳо сӯҳбат кардааст ва ба забони дипломатӣ гуфтааст, ки мушкил вуҷуд надорад, мантиқан гувоҳи он аст, ки баъзе мушкилиҳо ҳаст. Владимир Жарихин--муовини раиси пажуҳишгоҳи кишварҳои муштаракулманофеи Русия дар Маскав дар ин бора чунин изҳори назар кард:

Жарихин: Ман мехоҳам ин тавр бигӯям: Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба забони дипломатӣ моҳиятан гуфтааст, ки баъзе мушкилиҳо вуҷуд дорад. Агар вай изҳор дошта бошад, ки мушкил вуҷуд надорад. Вале ин мушкилиҳо ҳал мешаванд, ин як амри мусаллам аст. Маъмулан, мушкилиҳое, ки дар ҳамкории миёни кишварҳо пеш меояд, агар ба мушкилиҳои иқтисодӣ иртибот дошта бошанд, тадриҷан мушкилиҳои сиёсӣ пеш меоранд. Ман кишварҳоеро намедонам, ки байнашон баҳсҳо пеш наомада бошад, ҳатто агар ҳамин кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро низ бигирем. Гаҳ-гоҳе байни онҳо низ мушкилиҳое ба вуҷуд меояд, барои он, ки манфиатҳои онҳо аз ҳам фарқ дорад. Барои ҳамин баъзе мушкилиҳо дар бахши таъминоти пойгоҳи низомии Русия ва арзиши истифодаи он миёни Русияву Тоҷикистон ҳаст ва ин мушкилиҳо ҳал мешаванд. Дар сохтмони ниругоҳҳои барқи обӣ низ мушкил ҳаст. Он ҳам ҳал мешавад, вале гоҳо ин мушкилиҳоро дар ҷараёни баҳсҳо ҳал мекунанд. Чунин мушкилиҳоро маъмулан раҳбарони кишварҳо намехоҳанд ошкор кунанд, чунки дар ин замина озодии матбуотро, ба вижа дар Русия, дар назар мегиранд. Албатта, баъзе маълумотҳо дар бораи чунин баҳсҳо ошкор мешаванд. Баҳсҳо ҳама вақт ҳастанд ва онҳо ҳал ҳам мешаванд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон комилан ҳақ аст.

Озодӣ: Шумо дар бораи ин изҳороти оқои Зарифӣ, ки мегӯяд, барои тасвиби қарордоди низомии миёни Русияву Тоҷикистон “маҳдудияти вақт” ё “лимити замонӣ” вуҷуд надорад, чӣ ақида доред, агар ин нуктаро дар назар бигирем, ки Русия онро ба тасвиб расонд ва Владимир Путиин низ онро имзо кард, вале Тоҷикистон тасвиби онро бо се санади дигар иртибот медиҳад?

Жарихин: Боз ҳам ин ҳамон масъалаест, ки мо дар бораи он сӯҳбат мекунем. Ин қарордод ҳатман ба тасвиб мерасад. Вале ҷониби Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи тасвиби ин қарордод мехоҳад барои худ баъзе манфиатҳои иловагӣ ба даст орад. Мумкин аст, баъзе имтиёзҳое бигирад ва ё мумкин аст аз он имтиёзҳое, ки мехоҳад баъзеаш ба даст наояд. Вале ман фикр мекунам, ки ҷониби Тоҷикистон ин қарордоди низомиро бо муваффақият ба тасвиб мерасонад. Ман намехоҳам ба ин масъала ҷомаи сиёсӣ пӯшонам.

Озодӣ: Яке аз шартҳои дигари тасвиби қарордод ин буд, ки Русия барои таъмини артиши Тоҷикистон бо аслиҳаву техникаи низомӣ 200 миллион доллар сармоя ваъда карда буд. Ба назари шумо сарнавишти ин санад чӣ мешавад?

Жарихин: Дар ин масъала бояд як нуктаро дарк кард, ки он ба тавоноии муҳорибавии артиши Тоҷикистон низ иртибот дорад.
XS
SM
MD
LG