Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршикании даҳҳо тан аз роҳсозони қитъаи Шоҳон-Зиғар


Даҳҳо тан аз кормандони маҳалии қитъаи сохтмонии роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар, ба сабаби пардохт нашудани маоши семоҳа даст ба коршиканӣ задаанд.

Ҷаноби Шоҳрухӣ, раиси ширкати эронии «Собир» рӯзи душанбеи 15-уми июл ба радиои "Озодӣ" ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки азбаски тайи се моҳи ахир аз тарафи Бонки исломии Рушд, ки сармоягузори тарҳи сохтмони Шоҳон-Зиғар аст маблағ дарёфт нашудааст, дар пардохти музди коргарон таъхир ба амал омад.

Ҷаноби Шоҳрухӣ мегӯяд, то ҳол чунин мушкиле дар муддати 6 соли фаъолият пеш наомада буд, аммо маҳз бюрократӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ аз ин бонк, мунҷар ба он шудааст, ки коргарони маҳаллӣ дар сохтмони мазкур маоши худро дастрас карда натавонистаанд. Вай умедвор аст, ки маблағ имкон дорад дар ҳамин рӯз дастрас шавад ва кормандони ҳарчӣ зудтар маоши худро дарёфт кунанд.

Дар ҳамин ҳол иддае кормандони ин қитъаи роҳ мегӯянд, ки маҳз мушкили саривақт пардохт нашудани маош онҳоро водор кард, ки то даст ба коршиканӣ бизананад. Онҳо мегӯяд, ки таъхир дар пардохти маош аз ҷониби ширкат барои бори аввал нест ва охирин бор моҳи феврал дастмузди худро дарёфт кардаанд.

Яке аз кормандони ин сохтмон, ки худро Аҳмадшоҳ муаррафӣ кард гуфт, ки вай танҳо саробони хона мебошад ва сарфу харҷи хонаводагӣ аз маоши ӯ таъмин мешавад ва ӯ дигар натавонистааст таъхир дар пардохти маошро таҳаммул кунад ва то замони пардохти маош, ба кор барнахоҳад гашт. Коршикании коргарони маҳалии ин тарҳ аз як ҳафта ба ин тараф идома дорад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои масъулони ширкати «Собир» дар ин қитъаи роҳ 160 нафар кормандони маҳалӣ фаъолият мекунанд, ки бештари онҳо сокинони ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ва Дарвози Бадахшон мебошад.

Зимнан, қитъаи роҳи Шоғон Зиғар ҷузъе аз шоҳроҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз Қулма-Қароқум мебошад, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад.

Шоҳон-Зиғар аз роҳҳои душворгузар дар қаламрави Тоҷикистон аст, ки бо ба истифода додани он, ин кишвар метавонад бидуни мушкил бо ҷаҳони хориҷ, аз ҷумла Афғонистон, Покистон ва махсусан Чин барои ҳамеша иртибот дошта бошад. Зеро бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин роҳ, на танҳо воридоти мол аз хориҷ, ҳамчунин содирот ба хориҷ аз кишвар низ арзон ва осон сурат мегирад. Аз сӯи дигар анҷоми бобарори ин роҳ шароит барои пайвастан ба бандарҳои обӣ аз ҷумла Карочии Покистонро фароҳам мекунад.



XS
SM
MD
LG