Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду соли зиндон барои сангандозӣ ба хонаи ҳамсоя


Мурод Дониев
Мурод Дониев

Марди 71 солае, ки бо ҷурми сангпартоӣ ба ҳавлии ҳамсояҳо аз «масофаи 300- 400 метр» ба ду соли зиндон маҳкум шуда буд, ба озодӣ баромадааст.

Моҳи апрели соли 2011 додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ Мурод Дониевро ба дунболи шикояти ҳамсояҳо, ки ин мард ба ҳавлии онҳо санг партофта, ба яке зарари сабуки ҷисмонӣ расонидааст, барои ду сол равонаи зиндон карда буд. Дар ҳукми додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ, ки дастраси мо шуд, омадааст, «Дониев бо ин кирдораш ба се ҳамсояааш ба маблағи 86 сомонӣ (наздики 20 долари амрикоӣ) зиён расонидааст. Зиёни расонидаи ӯро назди додгоҳ коршиносони соҳаи сохтмон тасдиқ кардаанд.»


Ду соли зиндон барои як сангпартоӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00
Линки мустақим


Аммо Мурод Дониев ин ҳукми додгоҳро зимни сӯҳбат бо Радиои «Озодӣ» сохта дониста, гуфт, алайҳи ӯ барои аз худ кардани манзили меросиаш чунин тӯҳмат бофтаанд. «Ин тӯҳмати рӯирост буд. Бубинед, ки гӯё соати 4-и шаб ман аз масофаи 300-400 метр ба ҳавлии ҳамсояҳо санг андохтаам ва инро дар ними шаб кормандони ҷамоат ҳам дидаанд ва шоҳидӣ додаанд. Ин ба ақл рост намеояд, ки як одами маъюб аз чунин масофаи дур ба ҳавлии ҳамсоя санг партояд. Мутахассиси соҳаи варзиш 77 метр санг партофтааст ва чемпион шуда, медали тилло гирифтааст. Гӯё ман ба ин ҳамсояҳо хусумат доштаам ва барои ҳамин ин корро мекардаам. Лекин ин баҳона буд, то хонаи маро кашида бигиранд.»

Дар ҳукми додгоҳ сангпартоӣ ва ҷангу ҷанҷол бо ҳамсояҳоро шоҳидони зиёд ва ҳамсарони даъвогарон низ тасдиқ кардаанд ва додгоҳ бо вуҷуди он, ки ин мард гуноҳашро ба гардан нагирифтааст, бар асоси гувоҳии шоҳидон ӯро бо моддаи 237 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳкор донистааст.

Пас аз адои мӯҳлати ҷазо дар хонаи ин мард Шамъигул Ниёзова бо се фарзандаш, ки дар ҳалномаҳои додгоҳии даҳ соли пеш, аз ӯ ҳамсари Дониев ном бурда мешавад, ҷой дода шудааст. Ин зан мегӯяд, аз соли 1969 то 1977 бо Дониев зиндагии якҷоя доштааст ва ҳаққи маскун шудан дар ин хонаро дорад.
"Ман дигар ҷои рафтан надорам, зеро яке аз ин фарзандоне, ки аз Дониев дорам, маъюб аст,-изҳор дошт дар як сӯҳбати кутоҳ, Ниёзова.

Аммо Мурод Дониев ба мо ҳалномаеро нишон дод, ки 9 соли пеш додгоҳ ин хонаро мансуби модараш дониста, маскун кардани Ниёзова, ҳамсари собиқашро ҳатмӣ надонистааст. Дониев мегӯяд, ҳоло ҳеҷ сарпаноҳе надорад ва дар кӯчаҳо шабро рӯз мекунад.

Барои маскун шудан дар хонаи собиқаш ӯ ба додгоҳи Кӯлоб муроҷиат кардааст. Додгоҳ пас аз омӯзиши ҳуҷҷатҳои мансуб ба ӯ посух додааст, ки «мувофиқи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, манзили зисти шумо худсарона ишғол шудааст. Аз ин рӯ, барои берун кардани шахсони зикршуда аз манзили зистатон метавонед, ба додситонии ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат кунед.»

Ҳоло Мурод Дониев талош дорад, то худро пурра сафед намуда, исбот намояд, ки ба ҳавлии ҳамсояҳо аз масофаи дур санг наандохтааст: «Хоҳишам ҳамин аст, ки адолат барқарор шавад. Дар асоси санадҳо маро дар хонаам ҷой диҳанд. Шахсоне, ки нисбати ман тӯҳмат кардаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.»

Мурод Дониев се бор издивоҷ кардааст ва ба гуфтаи худ се фарзанди «ҳамсари асосиаш» ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доранд ва солҳост, ба Тоҷикистон намеоянд. Ӯ солҳои тӯлонӣ ба ҳайси ронанда фаъолият карда, пас аз як садама мақоми маъюби гурӯҳи дуюми якумра гирифтааст. Маъюби якумрае, ки дар 69 солагӣ барои сангпартоӣ ва расонидани зарари сабуки ҷисмонӣ ба масофаи 300-400 метр ба ҳавлии ҳамсояҳо, ду сол зиндон шудааст.
XS
SM
MD
LG