Ин дар ҳолест, ки сар аз моҳи январи соли равон бо мақсади ҷорӣ намудани шаффофият дар низоми таълими мактабҳои ронандагӣ, аз ҷониби шуъбаҳои бақайдгирии имтиҳонотии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон 45 адад автомашинаҳои сабукрави дорои дастгоҳи видеоӣ ба кишвар ворид карда шуд ва эълоне садо дод, ки сабти видеоии имтиҳони ронандагӣ аз ҳама гуна фасоду ришват озод хоҳад гашт. Аммо, бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тағйири зиёде дар ин соҳа дида намешавад.
Намояндаи расмии ин ниҳод, Муҳаммадраҷаб Ҳанафӣ, мегӯяд, маблағи пора барои ирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ дар ин байн аз 100 ба 800 доллари амрикоӣ расида, ҳолате ба миён омадааст, ки хоҳишмандони ин ҳуҷҷат бидуни машғулиятҳои омӯзишӣ ва супоридани имтиҳон, бо роҳи додани ришва ба миёнаравҳо иҷозаи ронандагӣ ба даст меоранд.
Суоле матраҳ мешавад, ки пас мошинҳои дорои дастгоҳи забти видеоӣ чӣ нақше доранд? Бархе аз ронандагон мегӯянд, чунин мошинҳо танҳо барои худнамоӣ буда, дар асл ба шаффофияти имтиҳонсупорӣ рабте надорад ва бе ягон душворӣ мешавад, ки ин имтиҳонро супорид.
Сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Дилшод Маҷидов, яке аз ронандаҳое ки тоза соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ шудааст, мегӯяд, ҳангоми ҳуҷҷат гирифтан ба вай мактуби устодаш “кӯмак” намуд, ки аз имтиҳони видеоӣ гузарад. “Ман шунида будам, ки имтиҳонҳо тавассути видео гирифта мешаванд. Мегуфтанд, ки супоридани он мушкил аст, бинобар ин аз устодам хоҳиш кардам, ки барои гирифтани ҳуҷҷат ба ман кӯмак кунад. Вай ба ман як мактуб дод, ки бурда ба муаллими имтиҳонгирам додам. Он тарафашро 40 сомонии иловагӣ ҳал кард."
Инчунин, Маҳмад Мансуров, яке аз ронандаҳои воситаи мусофирбарии рақами №18-и шаҳри Душанбе гуфт, ҳангоми гирифтани имтиҳон онҳо ба як усуле рӯ оварданд, ки аз ҷониби устод “пешниҳод” шудааст. Ба гуфтаи вай, онҳо ҳангоми имтиҳон сабтро рӯшан карданд ва чунин вонамуд карданд, ки гӯё вай мошинро идора мекунад. Дар ҳоле ки мошин дар як ҷой қарор дошт ва фақат зарур буд, ҳолати гӯё рондани мошинро ба вуҷуд овард: "Дар ин сабт овоз намеояд, бино бар ин мешавад, ки аз ин восита низ истифода бурд. Мошин дар як ҷой меистад, вале дар видео ҳамааш нағз."
Яке аз омӯзгорони ронандагӣ, Муродулло Усмонов, аз мактаби ронандагии “Мухтор компания” низ ин навъи имтиҳонгириро писанд накардааст ва онро "зарбае ба кисаи камбағалон" номид. Вай мегӯяд, муҳоҷирони корӣ, ки яке аз қишрҳои фаъоли дарёфти мошинҳо ва асноди ронандагӣ дар солҳои ахир буданд, ба дунболи афзоиши қиммати ҳуҷҷати ронандагӣ ва тавассути видео баргузор кардани имтиҳонот, ба ҳолате афтоданд, ки бояд нархи гаронтареро пардозанд: “Дар гузашта ҳангоми таҳсил, хонанда 350 сомонӣ месупорид. Баъдан ҳангоми имтиҳонсупорӣ 14 сомониву 50 дирам ба хазинаи “Амонатбонк” ва 48 сомонӣ барои хазинаи БДА пардохт мекард, ки дар он ҳам хизмати компютер, ҳам варақаи махсус (корочка) дохил мешуд. Ҳоло бошад, бар изофаи дигар имтиҳоноти ронандагӣ барои имтиҳони видеоӣ шогириди мактаб бояд 148 сомонӣ пардозад.
Фақат категория “B” - 145 сомонӣ аст, категорияи “С” бошад 195 сомонӣ муайян шудааст. Дар ҳолати насупоридани имтиҳони видеоӣ таълимгиранда барои имтиҳони такрорӣ 73 сомонӣ месупорад. Агар дуюм бор афтад боз 73 сомонии дигар Маблағе, ки дар гузашта барои таълим, ҳуҷҷат, андозу суғурта ҳамин миқдор мепардохт”.
Гуфта мешавад, маблағе ки барои имтиҳони видеоӣ супорида мешавад, на ба Бозрасии давлатии автомобилӣ, балки ба фоидаи ҳамон ширкате меравад, ки ин мошинҳоро вориди Тоҷикистон кардааст. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, то 27-уми июн дар тамоми кишвар 545 ҳазору 575 ҳодисаҳои қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ошкор гардидааст. Аз ин ҳисоб 19 ҳазору 196 ҳолати бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани автомобил мебошад.
Ин матлаб аз тарафи шогирдони Мактаби журналистикаи чандрасонаӣ дар шаҳри Душанбе омода шудааст.