Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсмени Қирғизистонро порламон аз мақом барканор кард


Турсунбек Акун
Турсунбек Акун
Порламони Қирғизистон баъд аз баррасиҳои тулонӣ ва пурсарусадо Турсунбек Акун-Омбудсмен ё Гузоришгари ҳуқуқи башари ин кишварро аз мақом барканор кард. Турсунбек Акун соли 2005, яъне дар давраи раёсати ҷумҳурии Қурмонбек Боқиев ба ин мақом расида буд ва аз ҳомиёни муътабари ҳуқуқи башари ин кишвар шинохта мешавад.

Баъд аз моҷароҳои порламонӣ ва барканорӣ вай дар даҳлези порламон аз беҳолӣ афтодаст ва аз ҳуш рафтааст. Пизишкон мегӯянд, ки ҳоло вай ба ҳуш омадааст, вале барои мусоҳиба иҷоза намедиҳанд.

Дар порламон ҳангоми барканории вай гуфтанд, ки гӯё дар раҳоии як раҳбари гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ ёрӣ расондааст.
XS
SM
MD
LG