Як намояндаи ҳукумати Ваҳдат, ки худро Олим Сафаров муаррифӣ кард, рӯзи 19 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулони бозори «Терминал»-ро ҳанӯз як моҳ пеш огоҳ карда буданд, ки дӯконҳои назди бинои терминалро ба ҷои дигар кӯчонда, роҳҳои даромаду баромади нақлиётро боз гузорад, вале онҳо иқдоме накарданд.
«Бозор ва дӯкондорон ба ҳаракати нақлиёт бисёр халал мерасонанд, барои ҳамин мо пешниҳод кардем, ки то поёни рӯз дӯкондорон ба бозори калони дигар, ақаллан ба бозори «Хайр» кӯчонда шаванд ва фаъолияти худашонро идома диҳанд,» - гуфт оқои Сафаров.
Бозори "Хайр" ба як соҳибкори маҳаллӣ, ки маблағгузории тими футболи "Хайр"-и Ваҳдатро ҳам бар ӯҳда дорад, тааллуқ мегирад.
Соҳибкорони бозори назди «Терминал»-и ноҳияи Ваҳдат ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки мақомот мехоҳанд ин бозорро тахриб кунанд. Онҳо мегӯянд, шаби гузашта мақомоти ноҳия барои тахриби дӯконҳои онҳо муваффақ нашуданд, аммо таҳдид кардаанд, ки имшаб дӯконҳои бозорро ба замин яксон мекунанд.
Сафархӯҷа Афғонов, як соҳибкори бозори назди "Терминал"-и марказии ноҳияи Ваҳдат рӯзи 19 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки агар онҳо ба бозорҳои дигар накӯчанд, шоми чоршанбе дӯконҳои онҳоро хароб мекунанд.
«Шаби 18 июн тақрибан соати 21: 00 намояндаҳои идораҳои мухталифи ҳукумати ноҳия бо экскаватору булдозерҳо омада бо таҳдид гуфтанд, ки дӯконҳоро тахриб хоҳанд кард, аммо мардуми бозорнишин ҷамъ шуда нагузоштанд, ки онҳо вайрон кунанд,» - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.
Ба нақли Сафархӯҷа Афғонов, дар ин бозор тайи чанд соли охир тақрибан 19 соҳибкору фурӯшанда, ки ҳар яки онҳо хонаводаҳои серфарзанди худро аз ҳамин ҳисоб таъмин мекунанд, соҳиби дӯконанд: «Вақте ки онҳо бо булдозеру экскаватор омаданд, мо ночор ба муовини раиси ноҳия муроҷиат кардем ва ӯ дар телефон гуфт, ки ҳоло чунин амри тахриб дода нашудааст, вале фардо субҳ чунин амрро содир хоҳад кард. Вақте муовини раис гап мезад, садои телефон баланд буд ва ҳама ӯро мешуниданд.»
Мақомоти ноҳияи Ваҳдат мегӯянд, дӯконҳои назди «Терминал» ба равуои нақлиёт халал мерасонанд, вале масъулони бозор то ҳол амри боз кардани роҳи ҳаракати мошинҳоро иҷро накардаанд.
Сафархӯҷа Афғонов гуфт, намояндаи ҳукумати ноҳия субҳи имрӯз дар ҷараён гузоштааст, ки «амри тахриб» содир шудааст ва агар фурӯшандаҳо ба бозори дигар, аз ҷумла ба бозори «Хайр» накӯчанд, бегоҳи ҳамин рӯз дӯконҳояшонро тахриб хоҳанд кард. Сафархӯҷа Афғонов мегӯяд, ки онҳо беш аз 10 сол аст, ки дар назди "Терминал" тиҷорат мекунанд ва ин мавзеъ ҳам барои сокинон ва ҳам барои соҳибкорон мувофиқ аст, чун дар чорроҳа қарор дошта, ҷои серхаридор аст.