Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 000 доллар ҷоиза - барои ёфтани қотилони хонаводаи Бобоевҳо


Шӯъбаи дохилаи ноҳияи Ғафуров
Шӯъбаи дохилаи ноҳияи Ғафуров

Барои ошкор кардани ҳодисаи куштори як хонавода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 30 000 доллар ҷоиза таъйин кардаанд.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохили Тоҷикистон рӯзи 13 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ташаббуси соҳибкорони вилояти Суғд барои нафароне, ки ҷинояти мазкурро ошкор менамоянд ваё барои кушодани он мусоидат мекунанд, мукофотпулӣ ба маблағи 30 000 доллари амрикоӣ муайян шудааст.

Аз қатли 5 узви як хонаводаи тилофурӯшон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қариб ду ҳафта гузашт, вале то ҳол мақомоти тафтишотӣ дар таҳқиқи ин қазия ва ошкор кардани омилонаш ба натиҷае нарасида, фарзияе ҳам пешниҳод накардааст.

Шаби 1-ум ба 2 июни соли 2013 шахсони ношиноси мусаллаҳ бо аз болои девор ба манзили зисти Аҳмадхуҷа Бобоев, воқеъ дар кӯчаи Султон Ахмедови шаҳраки Ғафуров ворид шуда, бо истифода аз силоҳи АКМ 5,45 мм(навъи автомати Калашников) Бобоев Аҳмадхӯҷа, ҳамсараш Бобоева Ҳаётхон, духтари 16-солаи онҳо Бобоева Рухшона ва писарашон Бобоев Сӯҳробро, ки 15 сол дошт, ба қатл расонидаанд.

Ҳамлагарон фарзанди дигари ин хонавода - Бобоев Санҷарбеки 6-соларо дар ҳаммомхона маҳкам карда, бо истифода аз монтировка дари сандуқи оҳанини Бобоевҳоро мешикананд ва тахминан ба маблағи 30000 доллар ҷавоҳироти тиллоиро бо худ бурданд. Ба гуфтаи мақомоти милиса, ғоратгарон баъди ин ҳама бо мақсади рӯйпӯш намудани амали худ манзили Бобоевҳоро оташ мезананд, ки дар натиҷа Санҷарбеки 6-сола, ки дар ҳаммом маҳкам буд, аз дуди оташ низ ба ҳалокат расид.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, айни замон барои ошкор намудани ин ҷинояти мудҳиш аз ҷониби гурӯҳи тафтишотӣ-оперативӣ чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дошта, тафтиши ҳодиса зери назорати вазири дохила Рамазон Раҳимов қарор дорад.
XS
SM
MD
LG