Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

"BarKi Tojik" ё "BarQi Tojik"?


Дар назари аввал ин як акси оддист, вале назари мӯшикофонаи як хонандаи Озодӣ дар тарзи навишти исми ширкат иштибоҳеро пайдо ва бо дурбини аккосиаш сабт кардааст.

Ин аксро хонандаи мо Меҳрубони Меҳрубон фиристодааст. Ӯ мегӯяд, дар навишти инглисии исми “Барқи Тоҷик” дар боми дафтари асосиаш дар Душанбе иштибоҳ рафта, ба ҷои “Barqi Tojik” “Barki Tojik” навиштаанд.

Ин акс алакай баҳси гармеро дар шабакаи Фейсбук ба по кардааст. Нафаре бо номи Кодер бо ишора ба камбарқие, ки Тоҷикистонро то 6 моҳ фаро мегирад, навиштааст, "Дурусташ "Барқи Торик" бояд навишта мешуд". Раҳмон Назаров пурсидааст, оё ин лавҳи иштибоҳӣ чанд сол боз овезон бошад? Ӯ аз Меҳрубон барои кашфи ин иштибоҳ ситоиш карда, навиштааст, месазад ки раҳбарони ширкат барои ин ба ӯ мукофот диҳанд.

Шумо дар ин мавзӯъ чӣ назар доред? Ва оё чунин навиштаҷот ё шиорҳои ба истилоҳ булъаҷаб дар маҳалли кору зиндагии шумо низ ба чашм мехӯранд? агар ҳа, пас ҳатман акс бигиред ва ба Озодӣ бифиристед. Бо ҳам баҳс хоҳем кард.
XS
SM
MD
LG