Маҳингул Шарифова, яке аз онҳо рӯзи 25-уми май ба «Озодӣ» гуфт, аз соати 9-и субҳ ба ин сӯ дар назди Қасри раисҷумҳур қарор доранд ва дар қабулгоҳ ба онҳо гуфтаанд, ки раиси дастгоҳи раисҷумҳур Бахтиёр Худоёров онҳоро рӯзи 3-юм ва муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон рӯзи 5-уми июн метавонанд қабул кунанд.
Ба қавли ӯ, баробари хориҷ шудан аз қабулгоҳ таҳти муроқибати милисаҳо ва маъмурини мулкипӯш қарор доранд ва се нафари онҳо, аз ҷумла Сафар Ёқубов ва Каримова Моҳлиқоро ба милисахонаи шафати қаср бурданд.
Бори аввал онҳо ба қасри раисҷумҳур 26-уми апрели соли равон омада, ваъдаи ҳалли мушкилашонро шунида буданд.
Шикояти сокинони ҷамоати "Ватан"-и ноҳияи Фархор пас аз он сар зад, ки масъулини ноҳия ваъдаи замин дода, аз онҳо маблағ ҷамъ оварданд, аммо ба ваъдаи худ вафо накарданд. Онҳо тариқи расонаҳо низ ба мақомот муроҷиат карданд, аммо аз Додситонии кулл ва дастгоҳи президент мактуб гирифтаанд, ки асноди заминҳои онҳо қалбакӣ аст ва сокинон бар инанд, ки як гурӯҳ онҳоро фирефта, заминҳоро ғайриқонунӣ ба онҳо фурӯхтаанд.
Дар оғози соли 2009 дар маҳаллаи Шаҳртеппаи ноҳияи Фархор мақомот ба 154 сокини ҷамоати "Ватан" 14,76 гектар заминро барои бунёди манзил тақсим карда буданд. Аммо акнун мақомоти маҳаллӣ тақсимоти ин қитъаҳоро ғайриқонунӣ дониста, пойдеворҳои бунёдкардаи сокинонро тахриб ва бунёди манзилро дар ин заминҳо манъ кардаанд.