Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи беш аз 200 миллион $ ёриҳои нави Чин ба Тоҷикистон


Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон дар Пекин.
Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон дар Пекин.

Дар ҷараёни сафари давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Чин байни Душанбеву Пекин 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19 май бо як сафари дурӯза вориди Пекин шуд. Дар матбуот боздиди Раҳмонро “сафари шиносоӣ” ҳам муаррифӣ карданд, чунки ӯ барои бори аввал бо раҳбари ҷадиди ҳукумати коммунистии Чин Сӣ Ҷинпин мулоқоти расмӣ хоҳад кард. Сӣ Ҷинпин дар моҳи март Ҳу Ҷинтаоро дар симати раҳбарии кишвари пурҷамъияттарин ва иқтисоди дувуми дунё иваз кард.
Раҳмон ва Ҷинпин дар Пекин ба эъмломияи муштараки истиқрори равобити мушорикати стратегии Тоҷикистону Чин имзо гузоштанд. Байни ду кишвар созишномаи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодиву фаннӣ низ имзо шудааст. Тибқи ин тавофуқ, Чин ба ҳукумати Тоҷикистон ба маблағи 200 миллион юан, муодили 32 миллион доллар, кумаки фаннӣ ҷудо мекунад.

Ҳамин тавр, дар ҷараёни ин сафар миёни “Амонатбонк”-и Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Чин созишнома ба маблағи 10 миллион доллар ва байни вазорати иқтисоди Тоҷикистонв а “Эксимбонк”-и Чин қарордодҳо дар мавриди таъмини молии ду тарҳ – бозсозии зеристгоҳи 500-киловаттии Регар ва насби шабакаи автоматии идораи ҳаракати нақлиёт дар Душанбе, ки ҳамчун тарҳи “Шаҳри бехатар” маъруф аст, баста шуданд.

Чин, ҳамин тавр, барои тақвияти иқтидори тавлидотии корхонаи муштараки тилошӯии “Зарафшон” дар ноҳияи Панҷакент 140 миллион доллар ҷудо мекунад. Ин корхона аз сӯи ширкати чиноии Zijin Mining Group Co Ltd идора мешавад.

Тибқи як протоколи имзошуда байни вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва саридораи карантинии Чин дар мавриди содироти меваҷот аз Тоҷикистон ба Чин низ тавофуқ ҳосил шудааст. Як созишномаи дигар дар мавриди ҳамкорӣ дар риштаи варзиш буда, вазорати энержии Тоҷикистон ҳам бо ширкати Dong Ying Heli Investment– и Чин ҷиҳати сохтмони корхонаи коркарди нафт дар ҷануби Тоҷикистон як ёддошти тафоҳум ба имзо расондааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар музокирот бо раҳбари нави Чин ба табиати дӯстонаи равобити дуҷониба ва ҳусни эътимод миёни Пекину Душанбе таъкид кардааст. “Муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти тағйирнопазир дорад”, - афзудааст раисиҷумҳури Тоҷикистон. Оқои Раҳмон гуфтааст, ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин ба сатҳи мушорикати стротегӣ баромадаанд ва барои ҳифзи ин сатҳи стратегӣ дар муносиботи онҳо бояд Барномаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар барои солҳои 2014-2019 таҳия шавад.


Бино ба гузориши дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Чин дар ҳоли ҳозир аз умдатарин ҳамкорони иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва “ба сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ворид шуда, ҳиссаи он дар сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар баробар ба 40% аст.” Тиҷорати хориҷии миёни ду кишвар низ аз соли 2011 ба ин тараф солона аз марзи 2 миллиард доллар гузаштааст.

Ҳамкориҳои Душанбеву Пекин баъди имзои созишномаи марзӣ, ки бар асоси он Тоҷикистон 1158 километри мураббаъ аз қаламраваш дар кӯҳистони Мурғобро ба Чин дод, вусъат пайдо кардааст. Дар ҳоли ҳозир, бузургтарин тарҳҳои иқтисодиву нақлиётӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла тармими шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Душанбе-Регар- марзи Узбакистон, бунёди нақбҳои Шаршару Чормағзак ва корхонаи фӯлодгудозӣ дар Ҳисор, бо қарзи Чин ва тавассути ширкатҳои он кишвар иҷро мешаванд.

Ҳоло қарзи Тоҷикистон аз Чин ба 971 миллион доллар, ё қариб 46 дарсад аз 2,1 миллиард доллар қарзи хориҷии давлати Тоҷикистон расидааст ва зоҳиран бо иҷрои қарордодҳои тоза дар Пекин имзошуда аз марзи 1 миллиард доллар хоҳад гузашт. Иқтисоддонҳои тоҷик ин қарзро “истеъморӣ” унвон мекунанд ва мегӯянд, дар сурати нотавонии Душанбе дар амри пас додани ин қарзи бузург Пекин метавонад аз он ба унвони як омили фишор барои таҳмили хостҳои стротегиаш истифода кунад.
XS
SM
MD
LG