Ин донишманди тоҷик, рӯзи панҷшанбеи 16 май зимни баргузории маҳфили Бунёди «Муколамаи тамадунҳо» дар шаҳри Душанбе бо ишора ба омилҳои берунӣ ва дохилии расидан ба сулҳи тоҷикон гуфт, ки «қувваи бегона ҳалкунандаи масъалаи дохилӣ шуда наметавонад, то замоне, ки худи дохил ин чизро нахоҳад, то худи дохил ба ин чиз омода набошад.»
Ба ин далел ҷаноби Усмонов бар ин назар аст, ки «агар худи тоҷикҳо ба сулҳ розӣ намешуданд, омили хориҷӣ бо ҳама қуввату иқтидоре, ки дорад, наметавонист, тарафҳои тоҷикро маҷбур ба сулҳ кунад.»
Вай таъкид кард, ки дар замони ҷанги дохилӣ неруҳои посдори сулҳи СММ ҳазор нафарро ташкил медоданд, аммо онҳо дар ҷангҳо ва задухӯрдҳо ширкат намекарданд, балки назорати амнияти кишварро дошт. Иброҳим Усмонов афзуд, «агар қувваҳои мусаллаҳ мушкилро мекарданд, мушкили Афғонистонро кайҳо ҳал карда буданд. Ҳоло баъди кам кардан, 68 ҳазор неруи хориҷӣ дар Афғонистон аст, аммо ҳанӯз мушкили Афғонистон ҳал нашудааст.»
Абдунабӣ Сатторзода, ки замони ҷанги дохилӣ дар ҳайати музокиракунандагони сулҳи тоҷикон тарафи мухолифонро намояндагӣ кардааст, низ ба назари Иброҳим Усмонов мувофиқ аст, аммо мегӯяд, дар сулҳи тоҷикон нақши омили хориҷӣ муассир буд. Вай аз ду кишвар, Русия ва Эрон ба унвони омили берунӣ дар расидан ба сулҳи тоҷикон ном бурд ва гуфт, ки аввалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон ва дуввумӣ аз мухолифони давлат пуштибонӣ мекарданд. Ҷаноби Сатторзода бар ин бовар аст, ки ҷанги дохилии Тоҷикистон боиси мувофиқ омадани манфиатҳои Русия ва Эрон шуд ва идомаи он барои ин ду кишвар мушкилотеро ба бор меовард.
Бунёди "Муколамаи тамаддунҳо", ки моҳи ноябри соли гузашта аз сӯи профессор Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон, таъсис шудааст, ки ҳадаф дорад, ҳодисаҳои муҳими замони истиқлоли Тоҷикистонро таҳқиқ кунад. Зеро, ба таъкиди масъулони ин бунёд, то ҳол ҷангу сулҳу тоҷикон ба таври комил таҳқиқ нашудааст.
Зимнан, дар маҳфили навбатӣ Амирқул Азимов, собиқ Прокурори Генералӣ ва дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва ҳоло вакили парлумон даъват шуда буд, аммо қабл аз шурӯъи маҳфил эълом шуд, ки вай ба сабаби дар сафари хидматӣ буданаш ширкат карда наметавонад.