Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд ба соҳибкорзанон бурс дод


Понздаҳ зани соҳибкор рӯзи 15-уми уми май дар Хуҷанд нахустин бурсҳои ҳукумати вилояти Суғдро ба даст оварданд.

Ба ҳар кадоми 5 зани барандаи озмуни дарёфти бурсҳо 20 ҳазор сомонӣ ва ба 10 нафар 10 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Яке аз онҳо, Нигора Юнусова, ҷавонзани соҳибкор аз Конибодом яке аз барандагони грант ё бурси ҳукумати Суғд ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ гашт. Вай мегӯяд, бо ин маблағ мехоҳад дар заминаи корхонаи хусусиаш ташхисгоҳи ҳисобкунакҳои барқии электронӣ, лампаҳои каммасраф ва коргоҳи таъмири муҳаррикҳои барқӣ бисозад:

“Дар корхонаам, ташхисгоҳи ҳисобкунакҳои барқӣ 17 нафар кор мекунанд ва ҳама мард ҳастанд. 10 сол боз раҳбарии корхонаро бар дӯш дорам. Акнун мехоҳам ба ҷойҳои нав занонро ҳам ба кор бигирам. Дар шаҳри Конибодом духтароне, ки коллеҷи технологии Конибодомро хатм карда, аз рӯйи ихтисосашон ҷойи кор пайдо карда наметавонанд, зиёданд ва тасмим гирифтам онҳоро ба кор гирам. Маблағи бурсро асосан ба харидани таҷҳизоти замонавӣ сарф мекунам.”

Хонум Юнусова ба гуфтаи худаш, соҳиби 2 ихтисос, “иқтисодчии байналхалқӣ” ва “энергетик” аст. Вай гуфт, дар кораш ба вай шавҳараш, ки дорои дипломҳои “ҳуқуқшинос” ва “инженер” аст ва 3 писараш ёрӣ мерасонанд.

Бисаодат Аҳмадҷонова
Бисаодат Аҳмадҷонова
Бисаодат Аҳмадҷонова, раиси хоҷагии деҳқонӣ дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дигар аз барандагони бурс мехоҳад корхонаи аз ангур шиннипазии маҳалашро эҳё кунад. Вай дар суҳбат бо Озодӣ гуфт: “Шиннипазӣ аз ангур аз давраи қадим буд. Пештара колхози ба номи Домулло Азиз бригадаи алоҳида ва корхонаи шиннипазӣ дошт. Хоҷагиҳо ангур ва ҳезум ҷамъ карда медоданд, онҳо шиннӣ пухта ба деҳқонон медоданд ва бозор мебароварданд. Ҳозир ду се сол боз он корхона тамом хароб шудагӣ. Акнун мо онро аз нав месозем.”

Хонум Бисаодат афзуд, ҳозир ҳам вай ҳар сол 300 - 400 кило шиннӣ пухта, ба деҳқононаш тақсим мекунад. Дар бозор нархи як кило шиннии ангур 9 сомонӣ аст ва харидоронаш кам нест. Чунки сокинон шиннӣ ё қиёми ангурро давои бемориҳои камхуниву сармохӯрдагӣ медонанд.

Зимнан, дар бисёр маҳалҳои Тоҷикистон сокинон барои худ аз тут низ шиннӣ, ки ба тахмини сокинон, кӯтоҳшудаи “ширинӣ” аст, мепазанд. Аммо шиннипазӣ дар корхонаҳо, ба истилоҳ, дар сатҳи истеҳсолӣ ба роҳ монда нашудааст.
Ба гуфтаи занони барандаи бурсҳои ҳукуматӣ, ҳадафи аслии онҳо фароҳам намудани ҷойҳои корӣ барои худу занони дигар аст. Аз набуди ҷойҳои корӣ дар солҳои охир ҳазорон занони суғдӣ низ дар баробари мардон ба муҳоҷирати кории Русия мераванд. Аммо аз пешниҳоди 38 барномаи соҳибкорӣ ба озмуни дарёфти гранти ҳукумати Суғд ба назар мерасад, занҳои фаъол барномаҳои хуби корӣ дар даст доранд, аммо барои амалӣ намудани он ниёз ба дастгирии молӣ доранд.

Раъно Бобоҷонова
Раъно Бобоҷонова
Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд зимни суханронӣ дар маросими супурдани бурсҳо гуфт, ин иқдом ба хотири дастгирии ташаббусҳои занон ва коҳиши бекорӣ миёни онҳо рӯйи даст гирифта шудааст. Вай таъкид кард, ин дар вилоят таҷрибаи аввал аст ва дар сурати муваффақ гаштан соли оянда маблағи бурсҳо то 500 ҳазор сомонӣ афзуда хоҳад шуд. Ҳамчунин, вай ба намояндагони бонкҳо, ки дар маросим ширкат доштанд, пешниҳод кард, то ба хотири рушди соҳибкории занҳо ва оилавӣ қарзҳои бефоиз ва имтиёзнок ҷудо кунанд.

Раъно Бобоҷонова, раиси бахши занон ва оила дар ҳукумати вилояти Суғд ва аз дастандаркорони баргузории озмуни дарёфти бурс барои занҳои соҳибкор бар он аст, ки дар сурати фарогир шудани ин иқдом, натиҷаҳое матлуберо метавон чашмдор буд: “Бисёр умедвор ҳастем, ки ин ташаббуси раисҷумҳур ва раиси вилояти Суғд ҷиҳати додани бурсҳо барои ҳавасманд намудани занони соҳибкорро дар ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо низ дастгирӣ кунанд. Ва бо ин роҳ барои занон имконияти фароҳам кардани ҷойҳои нави корӣ барои худу аҳли оилаашон ва корҷӯяндаҳои дигар пешниҳод кунанд. Агар ин занони соҳибкор, ки бурсҳои аввалро ба даст оварданд, бо ин маблағҳо воқеан ҳам ҷойҳои корӣ таъсис диҳанд, шароити хуб фароҳам намоянд, барномаи додани бурсҳо низ дар солҳои оянда устуворона давом хоҳад ёфт.”

Биҳоҷал Раҳимова
Биҳоҷал Раҳимова
Ба назари Биҳоҷал Раҳимова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт”, аз мубтакирони таъсиси бурсҳои ҳукумати вилояти Суғд, инчунин барномаҳои нави дастгирии воқеии сокинон бовари онҳоро ба давлату барномаҳои ҳукуматӣ ҷиҳати беҳбуди зиндагии онҳо устувор мегардонад: “Мо бояд барои ҷавонон ва ҷавондухтарон низ бурсҳо таъсис диҳем. То онҳо бубинанд, ки давлату ҳукумат фақат бо барномаҳову баргузор кардани чорабиниҳо не, балки бо барномаҳои мушаххаси фароҳам кардани ҷойҳои нави корӣ, омӯзонидани ба роҳ мондани кору тиҷорат онҳоро даст мегирад.”

Додани бурсҳо аз ҷониби ҳукумат ба занҳои соҳибкор дар Тоҷикистон ҳодисаи нав аст ва собиқаи чандсола дорад. Бори аввал 16 соҳибкорзани суғдӣ дар ду соли гузашта бурс ё грантҳои ихтисосёфта аз ҷониби раисҷумҳурро ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ дарёфт карда буданд. Қабл аз он пешниҳоди грантҳо аз ҷониби созмонҳои хайрияи байнулмилалӣ сурат мегирифт.
XS
SM
MD
LG