Ба ин маросим ҳудуди 140 нафар иштирокдорони Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ва коргарони ақибгоҳ ширкат доштанд.
Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд зимни суханронӣ дар маросими таҷлил ба пос доштани “пирӯзии таърихии мардум бар фашизм” таъкид кард: “Ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки дар ин ғалабаи таърихӣ тоҷикон низ саҳми сазовор доранд. Мардонагӣ, диловарӣ, фидокориҳо ва қурбониҳое, ки мардони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон доданд, фаромӯшношуданӣ аст. Боварии комил дорам халқи шарафманди тоҷик ин диловарии таърихиро чун достони безаволи пирӯзии адолат бар ҷангу хусумат ҳамеша пос медоранд.”
Дар маросими таҷлил аз ҷашни Ғалаба даҳҳо сокинони оддӣ, ҷавонон, ва донишҷӯёну мактабхонҳо ҳам иштирок доштанд. Муҳсин ном ҷавони донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба Озодӣ гуфт: «Ман орзу дорам, ки ҷанг нашавад ва мо, ки донишҷӯ ҳастем, илм омӯзему касбу кор ёд гирем ва ба Тоҷикистони азизамон хидмат кунем. Аммо агар Худо нахоста, ба Ватанамон душмане ҳамла кунад, омодаем либоси ҳарбӣ дар бар карда, Ватан ва халқи азизамонро мудофиа кунем.»
Ҷавонтарин иштирокчиёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аз вилояти Суғд 87 сол доранд. Аз соли гузашта то ҳол шумораи онҳо аз 448 нафар то 377 кам шудааст. Дар ин минтақа ҳудуди 15 нафар нафар заноне, ки шавҳаронашонро дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аз даст додаанд ва 346 нафар коргарони ақибгоҳ, ки солҳои 1941 - 1945 бо нишони “Барои меҳнати шоён” қадрдонӣ шудаанд, зиндагӣ ба сар мебаранд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба иштирокдорони ин ҷанг 800 сомонӣ ва ҳукумати вилояти Суғд 300 сомонӣ (ба ветеранҳо ва коргарони ақибгоҳ – 250 сомонӣ) ва мақомоти шаҳру ноҳияҳо аз 100 то 250 сомонӣ тақдим намуданд.
Ҳамчунин ҳукумати вилояти Суғд ҳар моҳ ба нафақаи иштирокдорони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ 25 сомонӣ ва коргарони ақибгоҳ 20 сомонӣ изофа мекунад.
Қарор аст рӯзи 9 – уми май ҷашни бузурги Ғалаба дар Душанбе – пойтахт ва ба думболи он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо баргузории парадҳои ҳарбиву маҳфилҳои ёдбуд таҷлил гардад.