Олим Одилов, собиқ муовини Мирзохӯҷа Аҳмадов рӯзи 6-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зимни сафари Рамазаон Раҳимов дар рӯзҳои 4-5-уми май ба водии Рашт, ӯ бо Мирзохӯҷа Аҳмадов мулоқоти кӯтоҳе доштааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, Мирзохӯҷа Аҳмадов масъалаи таъқиби афроди худ аз тарафи кормандони амният ва умури дохиларо бо Рамазон Раҳимов дар миён гузоштааст. Олим Одилов гуфт, аз ин бештар дар бораи ҷузъиёти ин мулоқот чизе намедонад. Аммо худи Мирзохӯҷа Аҳмадов ба зангҳои телефонии мо посух надод.
Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти вазорати умури дохилӣ мегӯяд, рӯзи шанбе Рамазон Раҳимов дар мулоқот бо роҳбарият ва кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт ва шӯъбаҳои вазорат дар ноҳияҳои Навобод, Тавилдара, Тоҷикобод ва Ҷиргатол оид ба натиҷа ва дастовардҳои мақомотҳои корҳои дохилӣ суханронӣ кардааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ: «Гарчанде ки дар минтақа шахсони зиёде, ки ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ алоқаманд буда, дастгир ва безарар гардонида шуда бошанд ҳам, баъзе шахсони алоҳидае ҳастанд, ки оромию осудагӣ ва ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор менамоянд.»
Ҳамчунин вазири корҳои дохилӣ бо собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ вохӯрда, аз онҳо хоҳиш кардааст, ки дар тарбияи кормандони ҷавон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо саҳми худро гузоранд.
Аммо дар сомонаи расмии вазорати умури дохила низ аз ҷузъиёти дидори Рамазон Раҳимов бо Мирзохӯҷа Аҳмадов чизне нашр нашудааст.
Қаблан Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ фармондеҳи Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии Тоҷикистон аз боздошти аъзои гурӯҳаш изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, ки тайи чанд моҳи ахир 5 тан аз афроди ӯ боздошт шудаанд.
Моҳи сентябри соли 2010 баробари шурӯъи амалиёти густарда дар шарқи Тоҷикистон, мақомот Мирзохӯҷа Аҳмадовро дар пинҳон кардани Мулло Абдуллоҳ, раҳбари гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ҳамлаи 19-уми сентябр ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ, ки 28 афсару сарбозро кушта ба ҷой гузошт ва таъсиси макотиби террористӣ барои наврасон, айбдор карда буданд.
Аммо баъд аз як гуфтушунид бо мақомоти давлатӣ, Мирзохӯҷа Аҳмадов мақомотро мӯътақид кард, ки дар ин ҷароим даст надорад ва барои муқобила бо гурӯҳҳои Аловуддин Давлатов, муллақаб ба Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло кумак мерасонад.Тавре Мирзохӯҷа Аҳмадов мегӯяд, гурӯҳи 28- нафараи вай дар амалиёти зидди Мулло Абдуллоҳ ширкати фаъол доштааст.