Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Суғду Бодканд барои назорати муштараки марз


Мақомоти Суғду Бодканд ба хотири пешгирӣ аз такрори муноқиша миёни сокинони манотиқи наздимарзӣ, як гурӯҳи муштараки сайёр таъсис доданд.

Рӯзи шанбеи 4-уми май, дар Исфара гуфтушуниди ҳайатҳои вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон сурат гирифт.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин музокирот Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд ва ҳайати Қирғизистонро Жениш Раззоқов, ҳокими вилояти Бодканд раҳбарӣ кард.
Масъали меҳварии ин гуфтугӯҳо, дарёфти роҳҳалли ниҳоии муноқишаи рӯзи 27-ум апрел дар минтақаи Ворух ва роҳ надодан ба такрори чунин низоъ буд ва дар он раҳбарони мақомоти қудратии ду вилоят, раисони ҷамоатҳои марзии Исфараву Бодканд низ ширкат карданд.

Дар поёни ин мулоқот сарони вилоятҳои Суғду Бодканд, Қоҳир Расулзода ва Жениш Раззоқов зери як протокол имзо гузоштанд, ки дар он тадобири мушаххас ҷиҳати таъмини амнияти сокинони наздимарзӣ ва рух надодани муноқишаву низоъ, сабт шудааст.

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва Бакир Жолчиев, муовини аввали ҳокими Бодканд ҳини суҳбат бо хабарнигорон.
Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва Бакир Жолчиев, муовини аввали ҳокими Бодканд ҳини суҳбат бо хабарнигорон.
Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд баъд аз анҷоми гуфтугӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ин санад бо такя ба анъанаҳои дӯстиву ҳамҷавории тӯлонии халқҳои тоҷику қирғиз ва санадҳои байнидавлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон тадбирҳои мушаххаси таъмини бехатарии сокинони наздимарзӣ таҳия ва тасдиқ гардид: «Дар ин санад мо самтҳои мушаххаси фаъолиятҳои якҷоя ва ҳамдастӣ ҷиҳати раҳ надодан ба муноқишаҳо дар минтақаҳои наздимарзиро дар заминаҳои истифода аз манобеи обӣ, замин, чарогоҳҳо ва ба ин тартиб таъмини амният ва субот дар манотиқи наздимарзиро муайян кардем. Барои амалӣ намудани ин тадбирҳо, мо ҳама гуна имконотро дорем ва аз ҳама муҳимаш, имрӯз ҷонибҳо ба як овоз изҳор доштанд, ки мо бояд ҳатман ин корро рӯи даст бигирем.»

Дар гуфтушуниди Исфара раҳбарони мақомоти интизомии ҳар ду ҷониб баён доштанд, ки як гурӯҳи сайёри муштарак, иборат аз кормандони интизомии ҳар ду ҷониб назорат аз минтақаҳои наздимарзиро ба ӯҳда мегиранд. Бакир Жолчиев, муовини аввали ҳокими Бодканд афзуд, ба ин манзур мақомоти ҳар ду ҷониб, аз ҷумла мақомоти интизомӣ ва марзбонии Суғду Бодканд фаъолияти худро ҳамоҳанг хоҳанд кард: «Ба навбати аввал, мо бояд ҳама созишномаҳои байнидавлатиро қатъиян риоят кунем. Аз ин ба баъд ягон ҷониб набояд онҳоро халалдор намояд.»

Мулоқоти ҳайатҳои Суғду Бодканд дар Исфара.
Мулоқоти ҳайатҳои Суғду Бодканд дар Исфара.
Зимнан, созишномаҳои миёни давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон мавриди истифода қарор надодани заминҳои марзии ба истилоҳ, «баҳснок» - ро пешбинӣ мекунад. Муовини аввали ҳокими вилояти Боканд дар посух ба саволи Радиои Озодӣ дар мавриди он, ки роҳи Оқсой - Тамдиқ дар канори Ворух дар замини баҳснок, ки ба муноқишаи рӯзи 27 - уми апрел сабаб гашт, оё дигар қатъ ё аз сар гирифта хоҳад шуд, гуфт, ин мушкил дар чаҳорчӯби қонунӣ ҳал хоҳад шуд.

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар ифтитоҳи ин музокирот гуфтааст, ки Тоҷикистону Қирғизистон муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ доранд ва ҳар мушкили марзие, ки дар масъали замин ва роҳу чарогоҳҳо вуҷуд дорад, бояд бо роҳи гуфтушунид ва дар доираи созишнома ва протоколҳое, ки миёни ин ду кишвар ба имзо расиданд, ҳаллу фасл гардад.

Жениш Раззоқов, ҳокими вилояти Бодканд ҳам зимни таъкид ба муносибатҳои таърихӣ ва ҳамҷавории тоҷикону қирғизҳо, гуфт, ки ҳар муноқиша, аз ҷумла муноқишаи ахир, бояд дар чаҳорчуби қавонин ва бо риояти манфиатҳои ҳар ду ҷониб, роҳи ҳалли худро дарёбад.

Хотирасон мекунем, ки рӯзи шанбеи 27-уми апрел миёни сокинони минтақаҳои марзии Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон, муноқиша бархост. Тибқи иттилои Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ, ҳодиса дар деҳаи Тангии Чоркӯҳ, дар 45–километрии Бодканд ва 31-километрии Чоркӯҳ, бар сари истифода ва назорати роҳи мошингард, сурат гирифт.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ ҷониби Қирғизистон мехост дар ин минтақаи баҳсӣ роҳи нав бунёд кунад ва ин боиси норозигии сокинони Воруху Хоҷаи аъло ва сангандозиву занозаниҳо шуд. Дар даргирӣ байни ду тараф чанд нафар захмҳои сабук бардоштаанд, вале асосан аз зарби санг ё мушту лагат.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танҳо 59 дарсад ё 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Қирғизистон аз он кишварҳои Осиёи Миёна аст, ки бо Тоҷикистон муносибати хеле хуб дорад ва низоми равуои шаҳрвандон ба кишварҳои ҳамдигар бевиза ва нисбатан озодона сурат мегирад. Ҳарчанд дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҷазирақаламравҳои миёни сокинон Суғду Бодканд гоҳу ногоҳ муноқишаҳое бар сари истифода аз обу замин рух медиҳад. Мақомоти ин ду кишвар соли 2002 ба марзбандии байни кишварҳо оғоз кардаанд, вале печидагии хатти марз ва вуҷуди даҳҳо ҷазирақаламрав ҷараёни онро суст кардааст.

Ҷамоати Ворух бо 31 000 аҳолии тоҷикаш дар баробари Сӯху Шоҳимардон, ки ба Узбакистон тааллуқ доранд, вале аксари аҳолии ин ду минтақа низ тоҷиконанд, яке аз се ҷазирақаламравест, ки аз 4 тараф дар иҳотаи Қирғизистон қарор доранд. Баҳси обу замин дар Ворух дар солҳои 1982, 1988, 1989 ва 2003 низ мунҷар ба муноқишаҳое байни тоҷикҳову қирғизҳо шуда буд.

Аммо шадидтарин низоъ бар сари ҷазирақаламравҳо низоъи рӯзи 6 январи соли 2013 байни сокинони Қирғизистон ва аҳли рустои тоҷикнишини Чорбоғи ноҳияи Сӯх буд, ки ҳатто ба гаравгонгирӣ ва бастани роҳҳо барои чандин ҳафта мунҷар шуд.
XS
SM
MD
LG