Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадалӣ Ҳайит ба кор баргашт


Маҳмадалӣ Ҳайит-муовини раиси ҲНИТ, ки рӯзи 19-уми апрел дар даромадгоҳи манзили зисташ дар Душанбе мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта ва муддате бистарӣ буд, бо беҳтар шудани саломатиаш ба кор баргаштааст. Маҳмадалӣ Ҳайит, имрӯз 1-уми май ба «Озодӣ» гуфт, ки саломатиаш беҳтар шудаву худро хуб ҳис мекунад ва дубора ба фаъолияти ҳизбии худ оғоз кардааст. Вай гуфт, ки дирӯз ба кор баромад ва имрӯз ҳам ба Дафтари корӣ омада, бинобар рӯзи таътил ба муноисибати «Рӯзи меҳнакашон», боз ба хонааш баргаштааст.

Вале ҳанӯз ҳам дар чеҳраи оқои Ҳайит осори латтукуб мушоҳида мешавад ва доғҳои сиёҳи зери чашмонаш рушан намудор ҳастанд. Маҳмадалӣ Ҳайит мегӯяд:«Бо вуҷуди он, ки ба кор баргаштаам, вале табобат идома дорад.»

Аз ҳодисаи латту куби Муҳаммадалии Ҳайит наздики ду ҳафта мешавад, аммо мақомоти вазорати корҳои дохилӣ аз натиҷаи таҳқиқоти ҳодиса ҳеҷ иттилое намедиҳанд ва мегӯянд, ки гурӯҳи махсус ҳодисаро таҳқиқ мекунад. Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, ки айни замон фарзияҳои дар даст буда дар робита ба ин ҳамла, аз ҷониби гуруҳи оперативӣ мавриди санҷиш қарор дорад. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ахиран барои маълумоте, ки омилони ин ҳамларо ошкор кунад, 10 000 доллар ҷоиза таъйин кардааст.
XS
SM
MD
LG