Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз муноқиша роҳи миёни Хоҷаи Аъло ва Ворух баста аст


Баъд аз муноқишаи як рӯзи пеш миёни сокинони марзии Тоҷикистону Қирғизистон роҳи миёни деҳаи Хоҷаи Аъло ва Ворухи ноҳияи Исфара то ҳол баста аст. Мақомоти расмии вилояти Суғд ва вилояти Ботканд мулоқот бо аҳолӣ ва музокира бо якдигарро идома медиҳанд. Роҳ ба сӯи деҳоти Оқсой ва Куктоши вилояти Бодканд низ баста аст.

Деҳаи Хоҷаи Аъло яке аз ҷазирақаламравҳо дар иҳотаи деҳоти Қирғизистон мебошад.
Аз ҷониби Тоҷикистон раҳбарии ҳайатро Ҷумъабой Сангинов-муовини раиси вилояти Суғд ва раҳбарии ҳайати Қирғизистонро раиси вилояти Ботканд бар уҳда доранд.

Генерал Токон Мамитов-фармондеҳи нируҳои марзбонии Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфт, моҷарои сокинони ду тараф барои сохтмони роҳе оғоз шудааст, ки бояд аз қаламрави ҷамоати Ворухи Тоҷикистон бигзарад.

Дар ин минтақа то ҳол хати марз таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG