Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.Искандаров номзадҳои интихоботи ояндаро ҷасур кард


Акбаршоҳ Искандаров
Акбаршоҳ Искандаров

Искандаров гуфт, барои номзадҳои оянда бояд шароит фароҳам овард ва набояд аз онҳо душман тарошид.

Акбаршоҳ Искандаров, ки рӯзи панҷшанбеи 4 апрел дар маҳфили навбатии Бунёди «Муколамаи тамаддунҳо» дар шаҳри Душанбе суҳбат мекард, хостори баргузории интихоботи шафофи президентӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ шуд.

Ҳамзамон Акбаршо Искандаров ворид кардани ислоҳот ба қонун дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳуриро барои баргузории шафофу мунсифонаи интихобот муфид арзёбӣ кард.

Ҷаноби Искандаров дар посух ба ин суол, ки далели мушкилоти Русия ва Узбакистон бо ҳукумати кунунии Тоҷикистон чист, гуфт, дар ҳоли ҳозир давлати Тоҷикистон аз манофеи миллӣ пуштибонӣ мекунад ва ин ба манофеи онҳо созгор нест. Раиси пешини Шӯрои Олӣ муътақид аст, ҳукумати барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ имкон пайдо кардааст. Дар ҳоле, ки ду даҳсола пеш, бинобар ҷанги дохилӣ ва дасти кишварҳои дигар дар аланга задани он, ин гуна имкон мавҷуд набуд.

Акбаршо Искандаров, ки дар ин суҳбат роҷеъ ба фаъолияташ дар мақоми раиси Шӯрои Олии вақт ва сарпарастии раёсати ҷумҳурӣ ва баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қисса кард, аз мардуми Тоҷикистон барои ҷанге, ки дар даҳаи 1990 шуд, узр пурсид.

Вай гуфт, «ҳар чӣ аз дасти мо омад кардем, аммо боиси таассуф аст, ки чунин коре шуд. Чун вазъият он замон ҳамон тавр буд.»

Аммо ҷаноби Искандаров баргузории иҷлосии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар соли 1992 дар шаҳри Хуҷандро амри қонунӣ донист ва афзуд, «баргузории ҷаласаи Хуҷанд ҳатмӣ буд ва илоҷи дигаре вуҷуд надошт.»

Бо ин ҳам Искандаров мегӯяд, «қабл аз сафар ба Хуҷанд, ҳадафи мо дигар буд, аммо дар Хуҷанд ҷаласа ба тақсими мансаб табдил ёфт.»

Раиси пешини Шӯрои Олӣ бар ин назар аст, ки воқеаҳои аввали даҳаи 1990 сафҳаи таърихи Тоҷикистони навин аст ва «агар ин ҳаводис таҳлили амиқи илмӣ дошта бошанд, беҳтар аз он аст, ки ҳар рӯз дар бораи он ҳарф зада шавад.»

Лаҳзае аз маҳфили навбатии Бунёди «Муколамаи тамаддунҳо» дар шаҳри Душанбе
Лаҳзае аз маҳфили навбатии Бунёди «Муколамаи тамаддунҳо» дар шаҳри Душанбе
Ин ҳам дар ҳоле, ки Иброҳим Усмонов, раҳбари Бунёди «Муколамаи тамаддунҳо» дар поёни маҳфили навбатӣ эълон дошт, ки нишастҳо дар ин мавзӯъ идома хоҳанд кард ва бар иловаи шахсиятҳои калидии он давр, раҳбарони аҳзоби сиёсӣ, ки дар он замон фаъолият доштанд ва аз воқеаҳо огоҳ ҳастанд, ба суҳбати ин маҳфил даъват хоҳанд шуд.

Зимнан, Бунёди "Муколамаи тамаддунҳо", ки моҳи ноябри соли гузашта аз сӯи профессор Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон, таъсис шудааст, ҳадаф дорад, ҳодисаҳои муҳими замони истиқлоли Тоҷикистонро таҳқиқ кунад. Зеро, ба таъкиди масъулони ин бунёд, то ҳол ҷангу сулҳу тоҷикон ба таври комил таҳқиқ нашудааст.
XS
SM
MD
LG