Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amnesty International аз нопадид шудани Шамсиддинов нигарон аст


Салим Шамсиддинов
Салим Шамсиддинов
Созмони Афи Байналмиллал ё Amnesty International дар бораи бедарак шудани Салим Шамсиддинов-раиси ҷамъияти узбакҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон номае пахш ва онро одамрубоии сиёсӣ арзёбӣ кардааст.

Аз ҷумла, дар ин нома гуфта мешавад, ки бедарак шудани Шамсиддионов метавонад сабабҳои сисёсӣ дошта бошад.

Созмони Amnesty International аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ки ба зудӣ ҳодисаи ғайб задани Шамсиддиновро тафтиш ва маҳали буду боши вайро дақиқ ва натиҷаҳои тафтишро эълон кунанд.

Amnesty International навиштааст, агар Шамсиддинов дар боздоштгоҳи давлатӣ бошад, ҳукумат онро бояд эълон ва аъзои хонаводаашро барои дидорбинӣ иҷоза диҳад, вай ба худ вакили мудофеъ бигирад ва дар сурати зарурӣ аз кӯмакҳои тиббӣ бархӯрдор шавад.

Дар интиҳои номаи худ Amnesty International гуфтааст, бояд мақомот ба фаъолони сиёсӣ ва ҷонибдорони онҳо имкон диҳанд, то онҳо маъракаҳои сиёсии худро барои омодагӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бидуни тарсу ҳарос ва таҳқир ё шиканҷа ба таври сулҳомез баргузор кунанд
XS
SM
MD
LG