Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи байналмиллалии филми зан дар Ҳирот


Худкушии зани афғон дар Дайкундӣ, 6 январи соли 2013
Худкушии зани афғон дар Дайкундӣ, 6 январи соли 2013

Имрӯз, 7 март дар Ҳироти Афғонистон Ҷашнвораи байналмиллалии филми зан оғоз мешавад ва 9 март ба поён мерасад.

Ҳадаф аз баргузории ин ҷашнвора, ки дар иртибот бо Рӯзи Ҷаҳонии зан созмон дода шудааст, боло бурдани огаҳии занон аз ҳуқуқашон аст ва ҳамчунин мехоҳанд занонро ташвиқ кунанд, то онҳо дар фаъолиятҳои ҳунариву фарҳангӣ саҳм бигиранд ва ҳатто худашон дар таҳияи филмҳои ҳунарӣ ширкат варзанд.

Хонум Руъё Саодат яке аз созмондиҳандагон дар бораи ин ҷашнвора чунин мегӯяд:


Занон дар Ҳирот
Занон дар Ҳирот
“Созамондиҳандагони ин ҷашнвора Бунёди Ормоншаҳр ва Хонаи филми “Руъё” мебошанд бо ҳимояти 40 расона ва созмонҳои умумибашарии миллӣ ва байналмиллалӣ. Дар ҷараёни худи ҷашнвора барои филмсозон ва дастандаркорони радио-телевизион 3 коргоҳи омӯзишӣ баргузор мешавад”.

Филмҳои ҷашнвора дар макони бостониву муқаддаси шаҳри Ҳирот, ки Қалъаи Ихтиёруддин ном дорад ба намоиш медароянд.

Ҷашнвораи филми занон ҷашнвораи солона ба шумор меравад ва бори аввал чунин тадбири муҳими фарҳангӣ дар Афғонистон баргузор мешавад. Дар он филмҳо аз Британияву Фаронса, Ҷопону Австралия, Канада, Туркияву Тоҷикистон, Эрону Покистон, Тайланд ва кишварҳои дигар ширкат мекунанд. Шоҳпур Собир-рӯзноманигори маҳаллии Ҳирот, ки масъалаҳои марбут ба ин ҷаншвораро дунбол мекунад, ба радиои Озодӣ гуфт:

“60 филми он аз филмсозони хориҷист ва 40 филми дигарро худи афғонҳо наворбардорӣ ва коргардонӣ кардаанд. Ин вилоят барои он маҳали баргузории ҷашнвора интихоб шудааст, ки яке аз қутбҳои бузурги фарҳангӣ ва бостонӣ дар Афғонистон ба ҳисоб меояд ва аз лиҳози ҳунару фарҳанг нисбат ба вилоятҳои дигари ин кишвар дасти болотаре дорад. Бо вуҷудин ин ҳама хубиҳое, ки аз вилояти Ҳирот ёдоварӣ мешавад, Ҳирот вилоятест, ки дар он хонумҳо дар чанд соли гузашта бино ба далоили хушунат даст ба худсӯзӣ мезананд”.

Аз 21 марти то 21 октябри соли 2012 дар Ҳирот 333 мавриди хушунат ва худкушиву худсӯзии занон дар Ҳирот сабти ном шудааст ва он баъд аз Кобул дар мақоми дуввум қарор дорад. Дар Кобул хушунату худкушӣ 670 мвавридро ташкил додааст.
Оқои Собир изҳори умедворӣ мекунад, ки намоиши ин филмҳо метавонад таъсири мусбате ба зиндагии занон дар вилояти Ҳирот ва вилоёти ҳамҷавори он дошта бошад.

Аз сӯи дигар намоиши филмҳо, ки аслан сужаҳои занона дорад, омӯзише барои хонаводаҳоест, ки дар бораи ҳуқуқи занон дар ҷомеаи Афғонистон огоҳии заруриро надоранд. Ба вижа дар филмҳое, ки дар худи Афғонистон наворбардорӣ ва коргардонӣ шудааст, мушкилоти занони афғон рӯи пардаи синамо омадааст.

Аз Тоҷикистон низ дар ин ҷашнвора Зулфияи Содиқ-ҳунарпешаи синамо ва раиси Хонаи Синамои шаҳри Душанбе бо ду филм ширкат мекунад. Вай дар як сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Ҳирот ба радиои Озодӣ чунин гуфт:

“Аз Тоҷикистон ҳам ду филм ширкат мекунад. Як филми мустанади кӯтоҳ аз Шодӣ Солеҳов бо номи “Раштон”, ки дар он ҳам мавзӯи занон ҳаст. Дар он суннатҳои хуби нонпазии занони кӯҳистони Рашт нишон дода шудааст. Филми дигар аз Озод Маликов аст бо номи “Боз кӣ?”.

Филми “Боз кӣ?” дар бораи духтарест, ки аз деҳае ба умеди зиндагии хуб ва ба даст овардани василаи гузарони зисти худ ва хонаводааш ба шаҳр омадааст. Вале наметавонад бо муҳити шаҳр унс бигирад ва худро бегона эҳсос мекунад. Навмедӣ ва мушкилот ӯро саранҷом ба худкушӣ мебарад ва вай худро ба дор мекашад.
Созмондиҳандагони ҷашнвораи филми зан дар Ҳирот мегӯяд, аксари филмҳо ҳамин тавр поёни фоҷеаомез доранд ва доварон дар интиҳои ҷашнвора ба ҳеҷ филм баҳогузорӣ намекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ба намоиш гузоштани чунин филмҳо дар ҷомеае мисли ҷомеаи Афғонистон хеле муҳим аст.
Конвенсиюни байналмиллалии ҳуқуқи башар ҳимояти худро аз ин ҷашнвора эълон кардааст ва дар он намояндагони созмонҳои дигари байналмиллаливу миллӣ ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG