Барои даромадан ба узвияти ин созмон Тоҷикистон 12 сол пеш дархост дода буд ва тамоми ин муддат музокирот ва таҳияи қонунгузориҳои ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муқаррароти байналмиллалӣ идома дошт. Дар як гуфтугӯи ихтисосӣ аз Шариф Раҳимзода-вазири иқтисоди Тоҷикистон дар бораи робитаҳои тиҷоративу иқтисодии хориҷии Тоҷикистон гуфт, "ворид шудани мо ба узвияти ин созмон пеш аз ҳама нишонаи истиқлоли иқтисодии Тоҷикистон аст. Бо вуҷуди ин, ки то имрӯз бо кишварҳои гуногун тиҷорат доштем, лекин мо ба низоми ягонаи савдои байналмиллалӣ ворид набудем.
Масалан, мо то ба имрӯз ба чанд кишвар вобаста будем ва молҳои худро танҳро ба чанд кишвар бароварда метавонистем. Барои ҳамин маҷбур будем, ки ҳангоми баровардани молу коло аз кишвари худ бо шарту шароити онҳо розӣ бошем. Ҳоло, ки мо узви ин созмони ҷаҳонӣ шудаем, аз қоидаҳои умумии тиҷорат ё савдо дар байни кишварҳои узв истифода мебарем.
Акнун ҳамаи тааруфаҳои гумрукӣ, ки байни кишварҳои узв вуҷуд дорад, барои мо ҳам эътибор пайдо мекунад. Масалан, мо чанд рӯз пеш аз Ҳиндустон омадем. Барои кишварҳои дигари узви ин созмон, ки аз ҷиҳати тараққиёт дар сатҳи кишвари мо қарор доранд, ҳангоми фурӯши маҳсулоттааруфаҳои гумрукӣ то 75 фоиз ба ин кишварҳо кам аст.
Мо аз бародарони ҳиндӣ хостем, ки ин имтиёзҳоро барои мо ҳам диҳанд, ба мо гуфтанд, ҳар вақт, ки шумо узви Созмони Ҷаҳонии Савдо шудед, барои молҳои шумо ҳам ҳамаи ин имтиёзҳо эътибор пайдо мекунад. Ин на танҳо Ҳиндустон, балки кишварҳои дигари узви Созмони Ҷаҳонии Савдо низ ҳаст, чунки дар он ҷо принсипу қоидаҳои ягона ҳаст. Дар байни кишварҳои узви ин созмон дискриминатсия нест, як кишвар наметавонад, ки худсарона нисбат ба як кишвари дигар қоидаҳои алоҳидаро ҷорӣ кунад.
Озодӣ: Тоҷикистон бештар бо кишварҳои Шӯравии пешин ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дорад. Ҳамаи ин кишварҳо ҳанӯз узви Созмони Ҷаҳонии Савдо нестанд. Тиҷорати Тоҷикистон бо ин кишварҳо чӣ гуна хоҳад буд?
Раҳимзода: Аз рӯи оморе, ки мо дорем, солҳои ахир савдои мо аз савдои солҳои пешин пурра фарқ мекунад. Мо дар бахши воридот имрӯз албатта бештар бо кишварҳои Шӯравии пешин доду гирифт дорем. Вале дар содирот мо бештар бо кишварҳои узви Созмони Ҷаҳонии Савдо доду гирифт мекунем. Масалан, мо аксаран моли худро ба Туркия, Эрон, Чин ва ба кишварҳои Аврупо мефурӯшем ва онҳо узви ин созмонанд.
Аммо ба сабаби ин, ки мо то ҳол узви ин созмон набудем, мо аз имтиёзҳо, тааруфаҳо ва қоидаҳое, ки дар байни онҳо буд, наметавонистем истифода барем. Гузашта аз ин, ҳар сол доду гирифти мо бо кишварҳои ҳамсоя Чин, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва кишварҳои дигар зиёд шуда истодааст. Бино бар ин, мо бояд бо ин кишварҳо дар низоми ягона ва қоидаҳои ягонаи доду гирифт қарор дошта бошем.
Озодӣ: Хонандагони сомонаи радои Озодӣ ва шунавандагони барномаҳо ҳамеша мепурсанд, ки масалан, Узбакистон узви Созмони Ҷаҳонии Савдо нест, молҳои Тоҷикистон тавассути қаламрави ин кишвар ҳамлу нақл мешаванд ва он гуна, ки дар гузаштаҳо мушоҳида кардем, гаҳ-гоҳе маҳдудиятҳо пеш омада буд. Акнун бо вуруди Тоҷикистон ба ин созмон Узбакистон дар назди аъзои ин созмон ягон уҳдадорӣ хоҳад дошт, ки ҳангоми ҳамлу нақли колоҳои Тоҷикистон мамониат пеш наорад?
Раҳимзода: Муттаассифона, ҳоло Узбакистон узви Созмони Ҷаҳонии Савдо нест, ба ҳамин сабаб аз принсипу қоидаҳои савдои байналмиллалӣ истифода намебарад. Ягон роҳи дигари таъсир расондан ба он ҳам нест. Бино бар ин мо наметавонем, ки дарҳол бо ворид шудани кишварамон ба Созмони Ҷаҳонии Савдо ба ин кишвар таъсир расонем. Вале мо ба раванди гуфтушунид бо ин кишвар ҳамроҳ мешавем ва ҳангоми ворид шудани он ба узвият кӯшиш мекунем, ки муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ дошта бошем.
Озодӣ: Дар қаламрави Шӯравии пешин албатта бидуни ширкати кишварҳои каронаи Балтик, талошҳо барои ташкили Иттиҳодияи Гумрукӣ идома дорад. Ин иттиҳодия мехоҳад ҳамин нақши Созмони Ҷаҳонии Савдоро дар қаламрави ин кишварҳо иҷро кунад. Дар он албатта Русия сиёсат ва самтгириро таъйин хоҳад кард. Тоҷикистон ҳанӯз узви ин иттиҳодия нест ва ҳоло, ки узви Созмони Ҷаҳонии Савдо аст, чӣ зарурате ба узвият дар ин Иттиҳодияи Гумрукӣ боқӣ мемонад?
Раҳимзода: Мо бо супориши раиси ҷумҳури кишварамон як гурӯҳи махсус ташкил кардем, ки он тарафҳои мусбӣ ва манфии ворид шудан ба узвияти ин иттиҳодияро меомӯзад. Мо инро меомӯзем ва пешниҳодҳои худро медиҳем. Агар дар ҷараёни гуфтушуидҳо мо бубинем, ки дар баробари кишварҳои дигари аъзои он узвият ба манфиати мо ҳам ҳаст, дар он сурат мо қарор қабул мекунем. Вале имрӯз мо онро омӯхта истодаем.