Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд. 200 ҳазор сомонӣ грант барои занони соҳибкор


Бахши бонувони ҳукумати Суғд барои бори аввал миёни занҳои соҳибкор барои дарёфти 15 бурс ё гранти пулӣ озмун эълон кардааст.

Бино ба шарти озмун, занҳое 10 ё 20 ҳазор сомонӣ ба даст хоҳанд овард, ки барномаҳои мушаххасаси соҳибкорӣ рӯйи даст доранд ва мехоҳанд худ ва чанд нафари дигарро соҳиби ҷойи корӣ гардонанд.

Ин барнома дар ҳоле рӯи даст гирифта шудааст, ки занҳои суғдӣ назар ба мардон бештар ба мушкили дарёфти кор рӯ ба рӯянд ва сол то сол шумораи занҳое, ки роҳи муҳоҷирати корӣ ба Русияро пеш мегиранд, зиёд мегардад.

Ба гуфтаи бахши бонувон, дастгирии пулии занони соҳибкори суғдӣ дар чорчӯби барномаи ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати омода кардани мутахассисон ва фароҳам кардани ҷойҳои корӣ барои занони соҳибкор сурат мегирад.

Маблағи умумии 15 бурс ё грант, ки ҳукумати Суғд таъсис додааст, 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳарчанд, ин маблағи чандон бузург нест, аммо ин иқдом аз он нигоҳ муҳим ба назар мерасад, ки ҳукумати Суғд бори аввал барои занон ёрии пулӣ ва он ҳам барои пиёд кардани барномаи мушаххаси соҳибкорӣ пешниҳод мекунад.

Раъно Бобоҷонова
Раъно Бобоҷонова
Раъно Бобоҷонова, раҳбари бахши мазкур, мегӯяд, довталабони ёрии пулӣ аз миёни занони соҳибкор зиёданд ва барномаҳои онҳо низ мухталиф аст: “Занони соҳибкор аз гӯшаву канори вилоят зиёд назди мо ҷиҳати машварат барои омода кардани лоиҳаҳояшон меоянд. Масалан, як хонум аз ноҳияи Зафаробод гуфт, ки мехоҳад хоҷагии деҳқонӣ ва фермаи парвариши чорпо таъсис диҳад. Як бону аз ноҳияи Ашт фикри боз кардани сехи дӯзандагӣ доштааст ва дастгирии молӣ мехоҳад. Вай гуфт, бино барои коргоҳи ояндааш дорад, вале барои хариди таҷҳизот маблағ меҷӯяд. Ҳамаи довталабон барномаи худро пешниҳод мекунанд ва комиссияи бонуфуз иборат аз 11 нафар онҳоро баррасӣ намуда, моҳи апрел ғолибонро эълон мекунад”.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Хонум Бобоҷонова афзуд, 16 соҳибкорзани суғдӣ дар солҳои 2011 ва 2012 бо дарёфти 400 ҳазор сомонӣ маблағҳои бурс ё гранти ихтисосёфта аз ҷониби раисҷумҳур соҳиби коргоҳҳои хурд ва ҷойҳои корӣ гашта буданд.

Ҳамчунин, соли 2012 таҷрибаи таъсиси Маркази ҳунариву машварати ҳуқуқӣ барои занон бо номи “Беназир” дар шаҳри Хуҷанд бо 50 ҳазор ёрии молии раиси вилоят нишон додааст, ки ин гуна коргоҳҳои хурди ҳунар дар касбомӯзии бонувон ва фароҳам кардани ҷойҳои корӣ барои онҳо нақши муҳимеро иҷро карда метавонанд. Дар ин марказ 395 занону духтарон бо кору ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки бино ба маълумоти бахши бонувон, соли гузаштаи 2012 ҳудуди 40 ҳазор занҳои суғдӣ аз набуди кор ва моҳонаи хуб дар ватан ба муҳоҷирати корӣ ба Русияву Қазоқистон рафтаанд.

Шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷират соли гузашта 4.5 ҳазор зани бекорро бо ҷойи кор таъмин карда, зери 2 ҳазор нафари дигарро ба курсҳои бозомӯзии ихтисос ҷалб кардааст. Аммо бо ин ҳам мизони бекорӣ миёни занҳои суғдӣ баланд боқӣ мондааст.

Сабоҳат Бобоҷонова, як зани соҳибкор, мехоҳад дар ноҳияи Зафаробод фермаи парвариши гов таъсис диҳад. Вай мегӯяд, барои роҳандозии фаъолият ба дастгирии молӣ ниёз дорад: “Ман як фермаи кӯҳнаро дар ҷамоати Зафаробод харидам. Ба нияте, ки дар заминаи он корхонаҳои хурди коркарди шир ва гӯшт созем. Аммо барои бо алаф ва ем таъмин кардани чорво бояд хоҷагии худро ҳам таъсис диҳем. Техника лозим. Барои ин пул даркор аст”.

Вале ба гуфтаи хонум Сабоҳат, як мушкили аслии занҳои соҳибкор ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолият дастрас набудани маблағи бидуни фоиз ё бо дарсадии кам аст: “Ман дари бонкҳо рафтанӣ нестам. Фоизи қарзҳои медодагиаш медонед чӣ қадар? Барои 1 моҳ аз 2 то 3 фоиз. Бо пули банк гӯсола харам, то онҳоя калон мекунаму гӯшту шир мегирам, ки қарзам аз фоидаам зиёдтар мешавад. Мумкин бар изофаи чорвоям хонаи ба гарав гузоштаама ба бонк диҳам”.

Ба гуфтаи мусоҳибам, бо дастгирии пулии 15 зани соҳибкор намешавад мушкили бекории занонро ҳал кард. Вале агар ба ҳамин минвол одамони соҳибсармоя ва дасткушоди маҳаллӣ низ ёриҳои моливу пулӣ ба занҳои соҳибкорро дареғ надоранд, ба садҳову ҳазорон зани тоҷик ҷойҳои корӣ фароҳам ва аз муҳоҷирати кории онҳо ба кишварҳои бегона ҷилавгирӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG