Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ҳудуди 400 варзишгар аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) сурат гирифт. Маблағи ҷавоизи мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод.
Дар байни ширкаткунандагони мусобиқа миёни мардон Ким Ҷае-Буми кореягӣ (81 кг) ва Лаша Шавдатуашвилии гурҷӣ (66 кг), ғолибони Олимпиадаи Лондон-2012, Илиас Илиадиси юнонӣ (90 кг) ва Игор Макарови белорус (+100 кг), қаҳрамонони Олимпиадаи Афина-2004, ҳамчунин, беш аз даҳ ҷоизадори олимпӣ буданд.
Дар сабқати мардон гуштигирони Ҷопон, Гурҷистон ва Фаронса дар дувазнӣ пирӯз гардиданд. Дар як вазни дигар намояндаи Муғулистон ҷойи аввалро касб кард.
Маҳмуди Абдуллоҳ, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои «Озодӣ» гуфт, дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ду нафар – Парвиз Собиров ва Комроншоҳи Устопириён намояндагӣ карданд.
Паҳлавони маъруфу пуртаҷрибаи тоҷик Парвиз Собиров дар рақобатҳо дар вазни то 100 килограмм дар даври аввал бар рақибаш Матореллӣ Наполеон аз Венесуэла ғолиб омад, вале дар даври дувум аз рақиби озарбойҷониаш Илҳом Мамедов мағлуб шуд.
Паҳлавони ҷавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён бошад, дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм дар даври аввал аз рақибаш Квак Данг Ҳан аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.
Парвиз Собиров ва Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи кушодаи Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо, ки рӯзҳои 2-3-юми март дар пойтахти Лаҳистон – Варшава барпо мегардад, иштирок хоҳанд кард.
Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии дзю-до дар Олмон
Мардон
Вазни то 60 кг
1. ГАНБАТ, Болдбаатар (Муғулистон)
2. САНТОС, Диего (Бразилия)
3. ГРИГОРЯН, Арам (Русия)
3. ПАПИНАШВИЛИ, Амирам (Гурҷистон)
Вазни то 66 кг
1. ЭБИНУМА, Масаши (Ҷопон)
2. ФУКУОКА, Масааки (Ҷопон)
3. КАРДАВА, Шалва (Гурҷистон)
3. ПОЛЛАК, Голан (Исроил)
Вазни то 73 кг
1. ДЮПРА, Пйер (Фаронса)
2. ЭЛМОНТ, Дэкс (Нидерланд)
3. ДРАКЧИЧ, Рок (Словения)
3. ВАНГ, Ки-Чун (Кореяи Ҷанубӣ)
Вазни то 81 кг
1. ЧРИКИШВИЛИ, Автандил (Гурҷистон)
2. СИКЛАУРИ, Леван (Гурҷистон)
3. КИМ, Ҷае-Бум (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ВАЛУА-ФОРТЕ, Антонио (Фаронса)
Вазни то 90 кг
1. ЛИПАРТАЛИАНИ, Варлам (Гурҷистон)
2. КАМИЛА, Тиаго (Бразилия)
3. ГОГОСУРИ, Звиад (Гурҷистон)
3. ИЛИАДИС, Илиас (Юнон)
Вазни то 100 кг
1. МАРЕ, Сирилл (Фаронса)
2. ОНО, Такаши (Ҷопон)
3. КИМ, Кенгтае (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ПАЧЕК, Мартин (Шветсия)
Вазни +100 кг
1. МОМОСЕ, Масару (Ҷопон)
2. ОКРУАШВИЛИ, Адам (Гурҷистон)
3. МОУРА, Давид (Бразилия)
3. НАҶМУДДИНОВ, Магомед (Русия)