Барои аксар ҷавонони тоҷик саҳифаи Одноклассники.ру дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ошност. Аммо саҳифаи мушобеҳ ё ба он монанди Однокурсники.tj тоза ба майдон омадааст.
Однокурсники.tj унвони саҳифаест, ки як гурӯҳ аз хатмкардагони факултаи кибернетикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) дар соли 2006-ум онро асос гузоштаанд. Маҳкам Ҳасанов, аз созандагони ин саҳифа, дар сӯҳбат бо мо гуфт, саҳифа дар ҳоли такмил аст ва дар ин олами маҷозӣ дар канори ҳамсабақон ҳамсинфону дигар гурӯҳҳо низ метавонанд ба ҳам оянд.
Ҳоло гӯшаҳои ҷудогонаи "чақ-чақ"-у баҳси мавзӯъҳо барои воридшавандагон боз аст. Ҳамчунин, гӯшаҳои махсусе барои эълони бепули хидматрасониҳои техникӣ ва фурӯши маводи техникии рӯзгор дар ихтиёри корбарон қарор гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки нахустин шабакаи иҷтимоии Тоҷикистон -- socialnet.tj дар тӯли беш аз як моҳи фаъолият даҳҳо корбарони худро пайдо кардааст. Аммо ҳанӯз ҳам ба назар мерасад, ки саҳифа чандон фаъол нест. Саҳифа гӯшаи "тамос" надорад ва талоши тӯлонии мо барои тамос бо муассисони ин саҳифа ба ҷойе нарасид.
Зафар Шафиев, раҳбари Маркази технологияҳои иттилоотии "Кова" дар Хуҷанд мегӯяд, "ҳанӯз дар ин саҳифа мавзӯъҳои доғ ва ҷолиби диққат нагузоштаанд. Корбарон мавзӯъҳоеро пешниҳод мекунанд, ки қаблан дар саҳифаҳои дигари иҷтимоӣ матраҳ шудаанд. Ба назари ман, масъулони ин саҳифа бояд як гардонанда (модератор)-и хуб гузоранд, ки бо мавзӯъву матлабҳои барои ҷавонон хеле ҷолиб ва роҳу равишҳои тоза таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб кунад. Он гоҳ корашон пеш меравад."
Ба таъкиди Шафиев, нахустин саҳифаҳои иҷтимоии Тоҷикистонро дар Интернет мутахассисони барномасози тоҷик таъсис дода, вале аз нигоҳи гардонандагӣ ҳанӯз ба фаъол кардани саҳифаҳои худ муваффақ нашудаанд. Ҳамчунин, тангии имконоти молӣ ва набуди даромад аз саҳифа низ домангири онҳо будааст.
Рустам Гулов, аз блогнависони ҷавони тоҷик мегӯяд, "то дараҷае, ки медонам, sociаlnet.tj-ро барои ҷавонони тоҷик боз кардаанд, аммо забони он русист ва қисмати бузурги ҷавонони тоҷик, хусусан дар деҳот, ки русиро хуб намедонанд, наметавонанд аз он истифода кунанд. Аз сӯи дигар, ҷавонони русидон дар саҳифаҳои ҷаҳонии русизабон сабт шудаву намехоҳанд, онро ба саҳифаи камранге иваз кунанд."
Мусоҳиби мо афзуд, аз он ки имконот ва зарфиятҳои шабакаи нахустини иҷтимоии Тоҷикистон дар Интернет ба забони русӣ бо шабакаҳои ҳамсони худ ба забони русӣ мисли Фейсбуку Твиттер ва Мой миру Одноклассники қобили қиёс нестанд, натавонистанд, таваҷҷӯҳи бештари ҷавонони тоҷикро ба худ ҷалб кунанд. Дар ҳар ҳол, аз замони боз шудани онҳо муддати зиёде нагузаштааст ва созандагони он ҳам дар ҳоли такмил додани шабакаҳои худанд.