Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти узви ҲНИТ дар як моҷарое бо ҳокимият


Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо пахши як изҳорот аз боздошт ва ба муддати 15 рӯз равонаи зиндон гардидани як узваш дар ноҳияи Исфара хабар додааст.

Наимҷон Самиев, раҳбари ҲНИТ дар вилояти Суғд, мегӯяд, рӯзи 20 феврал мақомоти интизомиву амниятӣ ва намояндагони шӯрои ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфара ба баргузории ҷаласаи бахши бонувони маҳаллии ҳизб монеа эҷод карданд.

Самиев, ки аз шаҳри Исфара телефонӣ суҳбат мекард, афзуд, ин ҷаласа дар манзили Мунаввара Содиқова, узви ҳизб, бо иштироки 15 нафар занони аъзои ҳизб баргузор мегардид ва мақомот бо зӯриву фишор онро пароканда намуданд.

Вай афзуд: “Баъд намояндагони мақомот гурӯҳи занони узви ҳизби наҳзати исломиро ба Шӯрои ҷамоати ҷамоати Сурх даъват карда, таҳдидҳо мекунанд, ки “ба занҳо кӣ мондааст ба ҳизби сиёсӣ дохил гардад, дар хона шинед, намешавад?!” Ҳатто як бонуи соҳибмақом аз ҳукумати Исфара ба онҳо таҳдид кардааст, ки агар занҳо баъди 1 сол аз Ҳизби наҳзати исломӣ набароянд, ҳамаи онҳоро ҳабс хоҳанд кард.”

Барои муноқиша бо намояндагони шӯрои ҷамоат Абдуманнон Содиқов, шавҳари Мунаввара Содиқова ва ҳамзамон узви ҲНИТ, бо даъвои намояндагони Шӯрои ҷамоат ва ҳукми додгоҳи ноҳияи Исфара субҳи рӯзи 21-уми феврал бо ҷурми «авбошӣ» ба 15 рӯзи зиндон маҳкум шудааст.

Наимҷон Самиев мегӯяд, онҳо ин амали мақомотро ҳамчун фишор аз болои ҲНИТ ва монеасозӣ ба фаъолияти ҳизби худ қабул кардаанд.

Аммо Обидбой Аҳмадов, мудири бахши дин ва танзими расму оинҳо дар ҳукумати ноҳияи Исфара, мегӯяд, бино ба маълумоти онҳо, дар ин манзил 16 зани фаъоли ҲНИТ ҷамъ омада, бо баҳонаи ҷаласа ба дарсҳои ақидавии динӣ машғул буданд. Ба гуфтаи вай, мувофиқи қонун баргузории чунин дарсҳои гурӯҳӣ манъ аст.

Ҷаноби Аҳмадов афзуд: “Ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ имрӯз як хел шароити фаъолият фароҳам карда шудааст, Аммо ин чунин маъно надорад, ки ҳар ҳизб худсарона ҳар коре, ки хост, кунад. Ҳизбҳои сиёсӣ бояд дар доираи қонун фаъолият намояд, хоҳ ҳизби коммунист, хоҳ ҳизби халқӣ - демократӣ ё ҳизби наҳзати исломӣ.”

Ба таъкиди Аҳмадов, ин амалкарди мақомот набояд чун фишор қабул шавад, зеро аъзои ҲНИТ бояд аз рӯи қонун амал мекарданд ва ба ҷои ҷаласа дар хонаи як узви худ маҳфили таълими динӣ барпо намекарданд.

Вале Наимҷон Самиев, раҳбари ҲНИТ дар вилояти Суғд мегӯяд, ки баргузории ҷаласа кори дохилиҳизбӣ аст ва қонун иҷозат надодааст мақомот бе иҷозати соҳиби хона ба мулки вай дохил шаванду ҷаласаи бонувони аъзои ҳизбро пароканда намоянд.

Дар ҳамин ҳол масъулони ҲНИТ мегӯянд, ки аз болои ҳукми ҳабси узви худ ба зинаҳои болоии додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG