Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додрас: "Тибқи қонун ҳуқуқи пешбинӣ кардани ҷазои вазнинро надоштем"


Баҳромиддин Шодиев.
Баҳромиддин Шодиев.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур собиқ муфаттиши ШКД-и ин ноҳия Абдураҳмон Додовро барои хунукназарӣ дар марги Баҳромиддин Шодиев, ба 2 соли зиндон маҳкум кард.

Ниёзбӣ Буриева -модари Баҳромиддин Шодиев, ки 2 соли пеш пас аз боздошт аз сӯи маъмурoни полис фавтида буд, мегӯяд, ки аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур норозӣ аст. Ба гуфти ӯ, дар ҳоле ки дар марги фарзанди ӯ чаҳор корманди шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия даст доштанд, дар додгоҳ танҳо ба як нафар муҷозот пешбинӣ шуд ва он ҳам 2 соли ҷазое, ки дар маҳбаси сукунатӣ сипарӣ мешавад.

Ҳукми айбдоршаванда дар марги Баҳромиддин Шодиев -сокини 28-солаи Душанбе рӯзи 11-уми феврал дар ҳузури волидону наздикони ҷавони фавтида эълон шуд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур собиқ муфаттиши ШКД-и ин ноҳия Абдураҳмон Додовро барои хунукназарие, ки сабаби марги Шодиев шудааст, ба 2 соли зиндон дар муассисаи ислоҳи меҳнатӣ маҳкум кард.

Ба таъкиди модари Баҳромиддин Шодиев, «ду сол барои куштор ин аз рӯйи адолат нест. Бояд 3 нафари дигари худаш номбар кардагӣ, онҳое, ки задаанду дар барқ мондаанд, ҷазо медиданд. Ин як нафар ҳам барои хунукназарӣ муҷозот шуд, онҳо мегӯянд, писари ман худро аз дуюм ошёна ҳаво додааст. Аммо ташхисҳо муайян кардаанд, ки сабаби аслии марги ӯ лату кӯб аст. Задану кӯфтан ҳама имрӯз фаромӯш шудааст дар парванда. Масъалаи ҷуброни зарари моддиву маънавӣ ҳам аслан рад шудааст.»

Ҳамакнун Ниёзбӣ Буриева ва вакили дифоъ Гулчеҳра Холматова бо нигаронӣ аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур тасмим доранд, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд.

Баҳромидин Шодиеви 28-сола моҳи октябри соли 2011 аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Шоҳмансур бо иттиҳоми дуздӣ боздошт шуда ва пас аз даҳ рӯз дар беморхонаи Қарияи боло даргузашт.

Тибқи фарзияе, ки мақомоти полис пеш меоранд, Баҳромиддин гӯё аз қабати дувуми бинои полис худро ба поён ҳаво додааст. Вале пайвандони Шодиев муътақиданд, ӯ дар пайи лату кӯб ва шиканҷа кушта шудааст. Ин парванда як сол боз ба таври илова тафтиш мешуд ва охирин баррасии он моҳи декабри соли гузашта оғоз ёфта буд.

Дар ҳамин ҳол додраси ин қазия Хуршед Эмомов мегӯяд, парвандаи мазкур бар асоси банди беэҳтиётӣ таҳқиқ шудааст ва тибқи қавонини кишвар, додгоҳ ҳуқуқи пешбинӣ кардани ҷазои аз ин вазнинро надорад.

Ҷаноби Имомов ба радиои «Озодӣ» гуфт: «Барои ҷиноятҳои марбут ба беэҳтиётӣ мувофиқи моддаи 58 нигаҳдорӣ дар муассисаҳои ислоҳии сукунат пешбинӣ шудааст. Мо илоҷи пешбинӣ кардани ҷазои вазнинро надоштем. Маҳбаси сукунат ё ҷазои ислоҳии сукунат, маҳбаси хонагӣ нест, ин ҳам ҷазои ҳабсӣ ҳисобида мешавад. Наздикони марҳум дар масъалаи рӯёнидани зарари моддиву маънавӣ норозианд ва ин масъаларо дар рафти мурофиаи ҷиноятӣ муайян кардан мушкил буд ва мо тавсия додем, ки бо даъвои шаҳрвандӣ муроҷиат кунанд ва суд дида мебарояд.»

Баҳромиддин Шодиев
Баҳромиддин Шодиев
Марги Баҳромиддин Шодиев, худкушии асроромези Ҳамза Икромзода ва фавти ҷавони дигар Сафаралӣ Сангов дар давоми 2 соли ахир аз пурсарусадотарин қазияҳои марбут ба шиканҷа дар Тоҷикистон аст, ки мавҷи интиқоди созмонҳои байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқро ба бор овард. Наздикони қурбониёни шиканҷа ҳам аз шеваи баррасии ин парвандаҳо аз сӯи додгоҳҳо изҳори норизоӣ кардаанд.

Зимнан, дар баҳсҳои додгоҳӣ кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки дар шиканҷаи сокинон даст доранд ё беҷазо мемонанд ё мувофиқ бо моддаҳое мисли хунукназарӣ ҷазои сабук мегиранд. Созмони афви байналмиллал ҳам бо натиҷагирӣ аз як пажӯҳиши худ дар робита ба шиканҷа, ду моҳи пеш ба ин хулоса омада буд, ки бемасъулиятӣ ва сӯистифода аз додгоҳ дар чунин парвандаҳо ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол наздикони Ҳамза Икромзода-маҳбусе, ки моҳи сентябри соли гузашта дар зиндони рақами аввали Душанбе фавтида буд, ҳамакнун чаҳор моҳ аст, ки наметавонанд ба таҳқиқи одилонаи парвандаи фарзандашон муваффақ шаванд. Ба қавли онҳо, ҳоло бархе аз шоҳидони марги ин маҳбус таҳти фишор қарор доранд ва водор шудаанд, то аз шоҳидӣ даст кашанд.

Маҳз ба хотири расидагӣ ба ин қазия ва ҳарчӣ зудтар муҷозот шудани онҳое, ки дар марги фарзандашон гумонбар дониста мешаванд, волидони маҳбус Ҳамза Икромзода рӯзи сешанбеи 12-уми феврал ҳамроҳ бо наздикони зиндониёне, ки шоҳиди марги ӯ буданд, дар назди Қасри президенти Тоҷикистон ҷамъ омаданд ва ахиран бо Ҷумъахон Давлатов-мушовири масоили ҳуқуқии президенти Тоҷикистон мулоқот ҳам доштанд. Мушовири президент дар ҳузури онҳо дар як тамоси телефони аз додситонӣ дархост кардааст, то ҳарчӣ зуд ба мушкили онҳо расидагӣ шавад.

Раҳматулло Зоиров
Раҳматулло Зоиров
Дар ҳамин ҳол мавзӯи шиканҷа ва зӯроварӣ дар боздоштгоҳҳои кишвар ва раванди иҷроиши қонуни шиканҷа дар як мулоқоти Раҳматилло Зоиров-раҳбари ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон ва вакилони парлумони кишвар низ матраҳ шуд. Ҷаноби Зоиров мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба ин ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҳам ҳамкоранд, ғолибан чунин баҳсҳои додгоҳӣ бо пешбинӣ шудани ҷазоҳои сабук ба айбдоршавандаҳо анҷом меёбанд:

«Тавре мегӯянд, онҳо дар як киштӣ нишастаанд ва агар ин киштӣ ғарқ шавад, ҳама осеб мебинанд. Ин ба масъалаи судяву прокурорҳо ҳам таъсир мерасонанд ва барои ҳамин инҳо ҳаракат мекунанд, ки ба ҳамкораш ҷазои сабук пешбинӣ шавад. Инҳо аксаран аз рӯи моддаи хунукназарӣ ва бемасъулиятӣ парванда мегиранд.»

Зимнан, пас аз ворид шудани банди шиканҷа ба қонуни ҷиноии Тоҷикистон дар соли 2010, тибқи он танҳо 1 тан аз маъмурони полис ҷазо гирифтааст, ки як корманди ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Хатлон будааст. Ба гуфтаи ҳуқуқдонон, як омили дигари кам будани парвандаҳо марбут ба шиканҷа, мушкил будани исботи ҷурми муттаҳамон аст.
XS
SM
MD
LG