Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди тоҷики муттаҳам бо қочоқи ҳероин


Тоҷики муттаҳам бо қочоқи миқдори зиёди маводи муххадир ба Русия истирдод шуд. Рӯзи панҷшанбе Атобек Гулмамадов-шаҳрванди Русия, ки аслан тоҷиктабор аст, аз Имороти Муттаҳаидаи Араб ба Русия интиқол дода шуд.
Ба навиштаи расонаҳои Русия Гулмамадов, ки дар рӯйхати наркобаронҳои мавриди таъқиби байналмилалӣ қарор дошт, моҳи декабри соли гузашта бо кумаки Интерпол дастгир шудааст.
Хабаргузориҳои Русия таъкид мекунанд, ки Гулмамадови 39 сола дар соли 2008-ум ҳангоми боздошти ҳампешагонаш бо миқдори зиёди ҳероин аз Русия фирор карда буд.
Ба қавли идораи назорат бар гардиши маводи мухаддир дар Русия Гулмамадов амалиёти интиқоли 400 килограмм ҳероин аз Осиёи Марказӣ ба Русияро шахсан раҳбарӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG