То моҳи ноябри соли гузашта ҳамлу нақли мусофирон ва молу коло ба вилояти Хатлон, қисмати ҷанубии Тоҷикистон, аз тариқи қаламрави Узбакистон тавассути ин роҳи оҳан сурат мегирифт.
Ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабари барчидани релсҳо дар ин қисмати роҳи оҳан аз ҷониби Узбакистонро тасдиқ кард. Владимир Собкалов, муовини раиси ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ҷониби Узбакистон релсҳои қитъаи Хашадӣ-Амузанги ин самтро аз байн бурдааст ва ҳамакнун интиқоли бор ба вилояти Хатлон тавассути ин роҳи оҳан комилан ғайримумкин шудааст:
«Узбакистон дар шарҳи ин амали худ гуфт, ки мехоҳад истгоҳи роҳи оҳани «Ғалаба-Амузанг»-ро ба марзи Тоҷикистон наздиктар намояд ва ба ин далел роҳи оҳан ниёз ба бозсозӣ дорад. Аммо ба ҷуз аз сарусадоҳо, ягон санади расмии тасдиқкунандаи ин тасмими Узбакистон вуҷуд надорад.»
Ба гуфтаи ҷаноби Собкалов, ин амали Узбакистон хилофи меъёрҳои мавҷуда аст, чун ин кишвар барои барчидани релсҳо, иваз кардани истгоҳи роҳи оҳан ва кӯчонидани он ба марзи Тоҷикистон, вазифадор буд, ки ҷониби Душанберо огоҳ кунад.
Қитъаи роҳи оҳани «Ғалаба - Амузанг» 16-уми ноябри соли гузашта баста шуда буд. Ҷониби Узбакистон он замон гуфта буд, ки дар ин қисмати роҳ таркиш ба амал омада ва пули иртиботӣ тахриб шудааст ва онро амали террористӣ арзёбӣ карда буданд.
Аммо баъдан хабарнигори Евразиянет.орг аз қитъаи роҳи оҳани Амузанг боздид кард ва гуфт, ки "роҳи оҳани Узбакистон ба асари ҳамлаи террористӣ тахриб нашудааст." Ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла Владимир Собкалов, муовини раиси ширкати «Роҳи оҳан» ин амали Узбакистонро «сиёсӣ» арзёбӣ мекунанд.
Навор аз бойгонӣ
Як корманди ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, ки барчидани релсҳои қитъаи Амузанг-Хатлон ҳанӯз дар моҳи гузашта оғоз шуда, ҳатто чӯбтахтаҳои миёнаи релсҳоро ба аҳолӣ ҳамчун ҳезум фурӯхтаанд. Вай афзуд, ҷониби Узбакистон ҳатто овезаҳои «Хуш омадед» ва дигар овезаҳои нуктаи иттисоли марзро дар километри 52-юми марзи Тоҷикистон бардоштааст.
«Мо чанд дафъа бо мақомоти роҳи оҳани Тирмиз ва дигар минтақаҳои ҳамсарҳад тамос гирифтем, то шарҳи онҳоро ба вазъи пешомада ва замони азсаргирии ҳаракат дар масири Амузанг-Хатлонро дақиқ бикунем. Аммо дар посух танҳо «чизе намедонам» мешунидем. Маълум буд, ки онҳо низ аз «боло» дастур гирифтаанд ва наметавонанд тасмимгириҳои мақомоти кишвари худро шарҳ диҳанд», - мегӯяд намояндаи хадамоти боркашонии ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон.
Гуфта мешавад, пас аз қатъи ҳаракат дар роҳи Амузанг-Хатлон дар моҳи ноябр, наздики 300 вагони пурборе, ки бояд ба қисмати ҷанубии Тоҷикистон ворид шавад, дар хоки Узбакистон банд монд. Мақомоти Тоҷикистон дар мавриди ҳаҷми зиёни расида рақами мушаххасе намегӯянд. Танҳо мақомоти минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон гуфтаанд, ки масдуд будани масири роҳи оҳан аз Узбакистон ба вилояти Хатлон 14 миллион сомонӣ барои буҷаи минтақа зарари молӣ овардааст.
Анна Винниченко, сарвари дафтари Барномаи ҷаҳонии озуқа дар шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, басташавии роҳи оҳани Амузанг-Хатлон ба созмони мазкур низ хисороти қобили мулоҳиза расонидааст:
«Ҳудуди 20 вагони ҳомили маводи ғизоӣ, ки бояд ба вилояти Хатлон мерасид, дар Узбакистон банд монда буд. Бо талошҳои зиёд ин мавод ба истгоҳи роҳи оҳани Душанбе расид. Аммо бисёр мутаассифем, ки чунин вазъ ба кӯмакҳои башардӯстона низ таъсири манфӣ мерасонад. Дар ҳоле, ки барои интиқоли маҳсулоти хайриявӣ бояд авлавият дода шавад, сарфи назар аз чигунагии муносиботи миёни кишварҳо. Мо дар шаҳри Сарбанд анбори калон доштем ва ба тамоми вилояти Хатлон аз ин ҷо хизмат мерасонидем. Аммо водор шудем, ки ин анбори азимро баста, тамоми кормандонашро ихтисор кунем, ки низ зарари молиявист.»
Хонум Винниченко афзуд, сарфи назар аз роҳбандии Узбакистон, Барномаи ҷаҳонии озуқа кӯмакҳои хайриявии худро тавассути роҳҳои дигар ба Хатлон интиқол хоҳад дод. Тибқи лоиҳаи бо ном «ғизои мактабӣ», беш аз 160 ҳазор толибилму омӯзгори 807 мактаби ҳамагонии вилояти Хатлон дастикам то се соли дигар ғизои башардӯстонаи ин созмонро дарёфт хоҳанд кард.
Ба сабаби қатъи ҳаракат дар қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Хатлон, ҳамчунин шуморае аз кормандони бахши хатлонии ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба рухсатии бемӯҳлати бемузд фиристода хоҳанд шуд. Ба иттилои манобеи ин ширкат, қарор аст сар аз 1-уми апрел беш аз 50 корманди истгоҳи роҳи оҳани Қӯрғонтеппа ба мураххасии иҷборӣ гусел шаванд.
Басташавии роҳи оҳани Амузанг-Хатлон боиси нигаронии ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон низ шудааст. Онҳо авохири соли гузашта ба Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон ва ҳукумати он кишвар муроҷиатнома фиристода, хостори азсаргирии ҳаракат дар ин ҷода ва раҳоии вагонҳо шуда буданд. Аммо номаи аъзои ин ҷамъият низ ба мисли номаҳои бархе мақомоти Тоҷикистон аз ҷониби Узбакистон то ҳанӯз бепосух мондаанд.