Ба иттилои расмӣ, дар як соли охир занону духтарон дар қаламрави вилояти Хатлон 314 ҷиноят содир кардаанд, ки дар муқоиса бо ду соли пеш 100 фоиз ё зиёда аз 160 ҷиноят бештар аст. Эминҷон Ҷалилов, муовини сардори Раёсати умури дохилии Хатлон, гуфт, "занон бештар ба тақаллубкорӣ даст мезананд ва ҳамчунин мавриди тасарруфи аслиҳаи оташфишон аз ҷониби онҳо низ сабт шудааст."
Ӯ афзуд, "83 ҳолати қаллобӣ, 46 ҳолати дуздӣ, 35 ҳолати авбошӣ, 22 ҳолати ба фоҳишагӣ ҷалб кардан, ташкил кардани даллахонаҳо ё занҷаллобӣ, 14 мавриди сохтакорӣ, тайёр кардан ва ба соҳибии каси дигар додани ҳуҷҷат ва дигар санадҳо, 14 ҳолати расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ, 12 ҳолати худсарона ишғол намудани замин, 12 ҳолати ба шавҳар додани духтарони ба синни никоҳӣ нарасида ва дигар ҷиноятҳои вазнин аз тарафи занҳо дар Хатлон содир шудааст."
Дар як соли охир занон ҳамчунин бо иттиҳоми монеъ шудан ба таҳсили фарзандон, хариду фурӯши кӯдакон, қасдан несту нобуд кардани амвол, қочоқи маводи мухаддир, тасарруфи маблағи кредитӣ аз бонкҳо, вайрон намудани дахлнопазирии манзил ва ҳатто се мавриди одамкушӣ ва қатли фарзандони навзод низ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Омилҳои аслии даст задани занон ба ҷиноёт тангдастии молӣ, аз лиҳози иҷтимоӣ таъмин карда натавонистани фарзандони дур аз падар ва бекорӣ хонда мешавад. Замира, ҷавонзане аз ноҳияи Бохтар, ки бо иттиҳоми даллагӣ муҷозот шудааст, мегӯяд, пас аз гирифтани талоқ аз ҳамсараш ва дар ҳоли тангдастӣ ночор даст ба ин ҷиноят задааст. "Ба занону духтарон гуфтаниям, ки илтимос, ба ҳамин роҳ нараванд, худро эҳтиёт кунанд. Аз бероҳагардӣ касе обрӯ нагирифтаасту намегирад. Зиндагии ҳазорҳо зан имрӯз вайрону саломатиашонро аз даст додаанд. Давлат агар шароит фароҳам орад, шояд шумораи занони фоҳиша хеле кам шавад",-мегӯяд Замира.
Хонуме бо номи Екатерина, сокини Қӯрғонтеппа, низ аз як зани ҳамсояаш мисол меорад, ки маҳз нодориаш ӯро ба ҷиноят таҳрик дода буд: "Бавижа занони ҷавон, духтарон, наметавонанд ҷойи кори дуруст пайдо кунанд. Ҳатто агар маълумоти олӣ дошта бошанд. Ҳоло зиндагӣ бисёр сахт аст. Баъзеҳо маъюсу ноилоҷ ба дуздию қаллобӣ даст мезананд, ҳатто ба маводи мухаддир рӯ меоранд."
Дар ҳоле ки ҷомеашиносон бекорию нодориро аз омилҳои аслии ба ҷиноят даст задани бонувон унвон мекунанд, додситонии Хатлон бо истинод ба пажуҳишҳои анҷомшуда дар маҳбаси занонаи Норак, мегӯяд, ҳатто бархе занони маҳбусе, ки ба озодӣ мерасанд, ба сабаби тангдастӣ ва пайдо накардани ҷойи кору қути лоямут, дубора ҷинояте содир карда, ба маҳбаси занона бармегарданд. Юсуфҷон Ҳусейнов, намояндаи додситонии Хатлон, мегӯяд, "баъзан занҳое, ки аз маҳбас озод мешаванд, азбаски шуғли дурусте пайдо карда наметавонанд, боз ба ҳамон гуруҳҳои пештараашон шомил мегарданд. Вақте аз онҳо мепурсем, ки чаро чунин кардед, мегӯянд, ки мо ба озодӣ рафтем, ҷойи кор наёфтем, маҷбур шудем, ки боз дуздӣ кунем, то гашта биёем ба маҳбас. Баъзе аз онҳо дигар ислоҳношуданианд."
Мақомоти Хатлон сабаби ҷинояткории занонро асосан ба ахлоқ ва фарҳанги онон рабт медиҳанд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши ин ҷиноёт, ҳукуматҳои маҳаллӣ мулоқоти чеҳраҳои саршинос, олимон ва бонувони фаъоли ҷомеаро бо занону духтарон дар ҳама рустоҳо ва ҷамоатҳои минтақа доир мекунанд. Меҳриннисо Насруллоева, муовини раиси ноҳияи Ҷилликӯл, мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба афзоиши мизони ҷинояткорӣ дар миёни занон, ҳоло дар ҳар яке аз ҷамоатҳои деҳоти ин ноҳия аз 5 то 15 клуби занон таъсис дода шудааст. 500 нафар зани маҳаллӣ, ки дар ин маҳфилҳо омӯзиш мебинанд, минбаъд ба ҳайси тренер ба ҳунаромӯзию тарбияи маънавии ҷавондухтарон машғул шуда, дар рустоҳо пажуҳиш ва назорат мекунанд, ки ба чӣ иллат занон даст ба ҷиноят мезананд ва бо чӣ роҳе мешавад аз он ҷилавгирӣ кард.