Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Куштори муҳоҷирони тоҷик бештар аз дасти худиҳост»


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, куштори тоҷикон дар муҳоҷират дар бисёре аз ҳолатҳо аз тарафи худи шаҳрвандони кишвар сурат мегирад.

Ба гузориши вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, соли 2012 аз хориҷ ба ин кишвар 1055 тобути муҳоҷирин оварда шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соле пеш 239 адад бештар будааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилӣ мегӯяд, аз 1055 мавриди ба ҳалокат расидани муҳоҷирон, 88-тоаш куштор мебошад. Вай афзуд, «ҳарчанд шумораи вафоти шаҳрвандони мо дар соли 2012 бештар ба қайд гирифта шудааст, вале куштори муҳоҷирони тоҷик нисбати соли 2011 коҳиш ёфтааст. Соли 2011 аз 816 ҳолати фавти муҳоҷирон, 89-тоаш куштор буд. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, бисёри далелҳои куштори тоҷикон дар муҳоҷират аз тарафи худи шаҳрвандони Тоҷикистон содир мешаванд.”

Аммо барои шаҳрвандоне, ки дар муҳоҷират наздиконашонро бо сабабҳои мухталиф аз даст медиҳанд, агар таҳаммули марги пайвандонашон сангин бошад, бори интиқоли ҷасади ӯ ба Тоҷикистон аз он ҳам гаронтар аст.

Сафархон Шарифов, сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, мегӯяд, санаи 12-уми сентябри соли 2012-ро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Зеро дар ин рӯз ӯ бародарзодааш Наврӯзҷони 18 соларо дар кишвари бегона аз даст дод. Ба гуфтаи Сафархон, бародарзодааш баъд аз хатми мактаб ҳамроҳи ӯ дар ҷумҳурии Абхазистон кор мекард ва аз ошёнаи 5-уми биное, ки онро месохтанд, ба замин афтода, фавтид. Наврӯзи ҷавонмарг ҳамагӣ 4 моҳ тавонист мардикорӣ кунад. Сафархон мегӯяд, зимни интиқоли ҷасади Наврӯз ба Ватан пайвандони ӯ бисёр азоб кашиданд:

Дар ду ҷо сабти ном шудем. Аввал ду чипта гирифтем, «сӯхтем» боз 2 тои дигар гирифтем боз «сӯхтем». Ҳар чипта 16 ҳазорӣ, дар маҷмӯъ 64 ҳазор рубли русиро аз даст додем. Агар бачаҳо аз ширкати сохтмонӣ ва намояндагони президенти Абхазистон кӯмак намекарданд, мо дар чор рӯз наметавонистем ҷасадро ба Тоҷикистон биёрем. Чунки аз марзи Абхазистон то Москва аз Москва то Душанбе ҷасадро овардан, бениҳоят душвор аст. Хостем ҷасадро дар ҳамон ҷо ба хок супорем, вале падару модари писар маҷбур карданд, ки биёрем. Аз ҷониби Тоҷикистон ҳамагӣ 12 ҳазор рубли русӣ кӯмак карданд.»

Ба гуфтаи Сафархон, ҳарчанд онҳо мувофиқи шартнома дар он ширкати сохтмонӣ кор намекарданд, вале кордиҳандаву ҳамкоронаш барои интиқоли ҷасад 100 ҳазор рубли русӣ ҷамъоварӣ намуданд. Бо ин ҳам мегӯяд ӯ, аз ҷайби худ 5 ҳазор доллари дигар сарф кардааст. Ба монанди Сафархон Шарифов, аксарияти шаҳрвандони кишвар барои овардани ҷасадҳои пайвандонашон ба истилоҳ ба сад дар сар мехалонанд.

Анвар Бобоев, муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, мегӯяд, мувофиқи қонун, дар чунин ҳолатҳо тамоми хароҷоти онҳоеро, ки тибқи шартнома дар Русия кор мекунанд, кордиҳанда ба ӯҳда гирад. Вале таҷриба нишон медиҳад, ки бештари муҳоҷирон дар Русия бидуни шартнома кор мекунанд.

Бобоев илова кард, ки «феълан лоиҳаи қонун дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ омодааст ва ҳоло дар мувофиқаи вазоратҳо мебошад. Мувофиқи ин қонун барои дастгирии муҳоҷирон фонде таъсис дода мешавад. Барои ин хазина, ҳам ҳукумат ва ҳам худи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳаққи аъзогӣ месупоранд. Ин аз таҷрибаи Филиппин гирифта шудааст. Ин хазина метавонад, муҳоҷиреро, ки ба душворӣ ё фалокат дучор мешавад, дастгирӣ намояд. Аз кӯмаки хазина ҳам муҳоҷир ва ҳам аъзои оилаи ӯ бархӯрдор хоҳанд буд».

Дар ҳамин ҳол, Аъзамшоҳи Ширговадӣ, рӯзноманигори тоҷик, ки мавзӯи муҳоҷирати меҳнатиро таҳқиқ кардааст, сабаби афзоиши тобутҳо аз Русияро ба зиёд шудани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ бастагӣ дод: «Аз набудани ҷойи кор ва шароити хуби зиндагӣ мардум дигар қариб, ки кӯч бастаанд ва аз оморҳо низ бар меояд, ки бозпас гаштани онҳо бисёр кам шудааст. Нигароникунанда он аст, ки аксарияти фавтидагон на аз беморӣ, балки бо сабабҳои тасодуф ё куштор ҳалок шудаанд.»

Ҷаноби Ширговадӣ ҳамчунин афзуд, ки барои коҳиш додани мизони маргумири муҳоҷирон дар солҳои наздик бояд теъдоди мардикорон кам карда шавад, вале аз оне ки дар солҳои наздик ҳукумат наметавонад тамоми шаҳрвандонро бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин намояд, мизони муҳоҷират ҳамоно боло хоҳад рафт.

Аз ин рӯ, ба андешаи соҳибназарон барои пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо бояд муҳоҷирон омодагии хуби техникӣ дошта бошанд ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия, аз ҷумла Хадамоти муҳоҷират, сафоратхонаи Тоҷикистон барои дастгирии муҳоҷирон кори бештаре анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG