Ҷамшед Сангов, сардори Раёсати Оҷонсии мубориза бо фасод дар вилояти Хатлон, ин хабарро тасдиқ карда, гуфт, раҳбари ин гуруҳ - сардори бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа боздошт шудааст.
Алайҳи капитан Шодибек Султонов бо иттиҳоми сӯйистифода аз мақоми хидматӣ парванда кушода шуда, ду корманди дигари Вазорати корҳои дохилӣ ва як шаҳрванди мулкӣ, ки ҳамдасти ин гуруҳ будааст, аз ҷойи кори худ ва тафтишот фирор карда, ҳоло мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.
Ҷаноби Сангов мегӯяд: «Капитани боздоштшуда ҳамроҳи ду корманди дигар аз шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияи Сино ва Бохтар (яке корманди шуъбачаи мубориза бо маводи мухаддири ШВКД Сино-2 ва дигарӣ корманди ППС-и Бохтар) моҳи ноябри соли 2012 се муҳоҷири тоҷикро, ки нав ба Ватан баргашта буданд, ба идораи милитсия оварда, бо роҳи фишору иттиҳомоти сохта, бо роҳи зӯрӣ ва сӯйистифодаи мансаб, аз онҳо 350 ҳазор евро гирифта, баҳона кардаанд, ки гӯё «дело»-ашонро мехобонанд.»
Ба иттилои мақомот, маблағи 350 ҳазор евро дар дасти ду корманди фирории ВКД ва як шаҳрванди қатории узви ин гуруҳ қарор дорад, ки то ҳол боздошт нашудаанд.
Ҷаноби Сангов афзуд: «Се ҳамдасти Ш. Султонов ба гумони ғолиб ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон панаҳ мебаранд. Зеро маълум аст, ки онҳо ягон дидбонгоҳи гумрукиро убур накардаанд. Агар маълум шавад, ки онҳо дар хориҷи кишвар ҳастанд, пас аз боздошт масъалаи ҷавобгарии онҳо барои убури ғайриқонунии сарҳад низ ба миён гузошта мешавад.»
Оҷонсии зиддифасоди Хатлон аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки агар аз дасти ин гуруҳи созмонёфтаи кормандони милитсия ҷабр дида бошанд ё дар мавриди ҷиноятҳои дигари онҳо хабар дошта бошанд, ба ин ниҳод муроҷиат намоянд.
Дар ҳамин ҳол, Офоқ Қодириён, сухангӯи раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, низ тасдиқ кард, ки сардори бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Қӯрғонтеппа боздошт шудааст, аммо дар шарҳи ин қазия афзуд, ки «вай танҳо «гумонбар»-и ҷиноят аст ва ҳанӯз, ки мурофиаи додгоҳӣ шуруъ нашудааст, дар бораи гунаҳкории Шодибек Султонов набояд суҳбат кард.»
Аммо муҳоҷироне, ки 350 ҳазор евро ба афсарони ВКД додаанд, ҳоло дар парвандаи ҷиноятӣ ба ҳайси «ҷабрдида» сабт шуда, маълум нест, ки онҳо ин миқдор маблағи калонро бо чӣ роҳ ба даст овардаанд. Худи онҳо аз шарҳи қазияи мазкур худдорӣ мекунанд.
Дар чанд соли ахир бархе аз кормандони мақомоти умури дохилӣ дар манотиқи гуногуни кишвар ба гумони даст доштан дар ришвату фасод боздошт ва маҳкум шудаанд.
Аз ҷумла Оҷонсии зиддифасод дар Хатлон тайи соли 2012-ум нисбати 10 корманди Вазорати умури дохилӣ ва 5 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ, ки 8 ҷинояти коррупсионӣ содир намудаанд, парвандаҳои ҷиноӣ боз кардааст.
Аммо раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз ифшои 18 ҷинояти кори дасти 12 ходими милиса хабар медиҳад.