Ин зан, ки аз ӯ Сергейева Татяна Фёдоровна ном бурда мешавад, моҳи марти соли гузашта, ҳангоми сархуш будан ва дар пайи як муноқишаи хурди оилавӣ аз болои шавҳару фарзандаш сӯзишворӣ рехта бо бераҳмии махсус онҳоро оташ мезанад.
Мирзозода Муҳаммад, додраси додгоҳи вилояти Хатлон, мегӯяд, сабаби куштор суханони шавҳар шудаанд, ки ба ҳангоми сархушӣ ба ин зан гуфтааст, фарзандаш аз ӯ нест: «Баъди ин Татаяна Фёдоровна бо бераҳмии махсус шавҳару фарзандашро бо салярка оташ зада, дарро аз берун маҳкам мекунад. Дар натиҷаи сӯхтор шавҳари судшаванда Зимиевский ва писари хурдсоли судшаванда Сергейев Арсенин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.»
Дар мурофиаи додгоҳи ин хонум гуноҳашро пурра ба гардан гирифта, аз содир кардани он изҳори пушаймонӣ намудааст.
Тайи чанд соли ахир дар минтақаи Кӯлоб аввалин бор аст, ки як зан шавҳару кӯдакашро ба қатл мерасонад, ҳарчанд, дар пайи низоҳои оилавӣ дар Тоҷикистон аслан занҳо зиён мебинанд. Масъулини додгоҳи Хатлон мегӯянд, соли гузашта бинобар рашку бадгумонӣ марди муҳоҷире аз ноҳияи Мӯъминобод зани худро ба ҳалокат расонида, дар сойи Тебалай ҳаво медиҳад, аммо ба ду фарзандаш, ки он ҷо ҳузур доштаанд, осебе намерасонад. Ин мардро додгоҳ бо дар назардошти ҳолатҳои гуногун, 15 сол зиндонӣ кардааст.
Зебо Бахтиёров, як равоншинос, мегӯяд, рашку бадгумонӣ дар аксар ҳолат ихтиёри инсонҳоро аз даст мегирад ва онҳоро ба роҳи нодуруст мебарад. Дар ин ҳолат ба гуфтаи ӯ, инсонҳо қобилияти андеша карданро аз даст дода, ба корҳои нодуруст даст мезананд: «Дар ин ҳолатҳо вазъи равонии инсонҳо бад мегардад ва онҳо худро идора карда наметавонанд. Худкушии ҷавонон, занҳо аз ҳамин вобаста аст. Онҳо дигар дар бораи оянда ҳеҷ чиз фикр кардан намехоҳанд. Пас аз корашон агар зинда монанд, ҳатман пушаймон мешаванд. Дар ин ҳолат бояд атрофиён дахолат кунанд ва онҳоро аз ин вазъият берун кунанд. Дар хонаводаҳое, ки ҷангу хархаша зиёд аст, асаби аҳли оила осебпазир мегардад.»
Додгоҳи Хатлон дар минтақаи Кӯлоб тайи як соли ахир даҳ парвандаи кушторро баррасӣ кардааст, ки дар нӯҳ ҳолат мардон ба куштор даст задаанд. Куштори бераҳмонаи шавҳару фарзанд аз ҷониби як зан барои аввалин бор аст, ки дар додгоҳи вилоят баррасӣ гардидааст.