Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Асноди ҲНИТ барои таъсиси телевизион номукаммал аст»


Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар як соли охир барои фаъолияти панҷ ширкати радио ва телевизиони маҳаллӣ иҷозат додааст.

Аммо ҳамзамон гуфта мешавад, бархе аз дархостҳои таъсиси телевизион ва радиоҳои хусусӣ ё гурӯҳӣ аз тарафи ҳайати комиссияи додани литсензия, рад шудаанд.

Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъа дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ҳамаи ин панҷ ширкати радио ва телевизион ғайридавлатӣ буда, фаъолияти онҳо ба пур кардани фазои иттилоотии минтақаҳо мусоидат мекунад. Ин дар ҳолест, ки кумита аризаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро барои таъсиси як телевзион ва радиои ҳизбӣ бо хулосаи «номукаммал» будани аснод, бозпас гардондааст.

Ҷаноби Раҳмонов, афзуд, «аз ҲНИТ фақат як ариза ба кумита ворид шуд. Аммо ин кофӣ нест ва барои ҳамин асноди онҳо дубора ҷиҳати такмил баргардонида шуд. Вале то кунун ин ҳизб дигар иқдоме накарда ва хомӯш ҳаст. Бояд гуфт, ба ҷузъ аз ариза, боз маҷмӯи ҳуҷҷатҳо ҳаст, ки бояд ба комиссияи иҷзатдиҳӣ пешниҳод намуда, дар кадом формат фаъолият кардан, номгӯи таҷҳизот ва манбаи молиявияшонро низ рӯшан кунанд.»

Воҳидхон Қосиддинов, аз раҳбарони ҲНИТ
Воҳидхон Қосиддинов, аз раҳбарони ҲНИТ
Воҳидхон Қосиддинов, раиси дастгоҳи ҲНИТ мегӯяд, онҳо ин аризаро дар нимаи моҳи декабри соли гузашта пешниҳод карданд ва танҳо дирӯз номаи ҷавобии комиссюни муҷаввиздиҳиро дарёфт намудаанд. Ҷаноби Қосиддинов афзуд, онҳо машғули омода кардани асноди зарурӣ буда, умедворанд, ки ба дарёфти муҷаввиз муввафақ мешаванд. Ӯ аз ҷумла афзуд, «аммо дар ҳолати надодани иҷозатнома, мо роҳҳои дигарро ҷустуҷӯ хоҳем кард. Зеро таъсиси шабака тасмими ҷиддии мост ва то охир талоши худро хоҳем кард.»

Дар ҳамин ҳол ба таъкиди Асадулло Раҳмонов, ба дархости ширкати расонаии «Азия плюс» ҷиҳати ташкили шабакаи телевизионӣ посухи рад дода шудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмонов, бо як ном намешавад, чанд шабака таъсис дод, аммо дар Тоҷикистон зери ин ном нашрия, хабаргузорӣ ва шабакаи радиоӣ фаъолият мебаранд.

Дар зимн тайи чанд соли охир дарёфти муҷаввиз барои шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии мустақил дар кишвар ба мавзӯъи доғ табдил шудааст. Гуфта мешавад, аз соли 1999 то инҷониб Комиссюни муҷавиздиҳии танҳо ба ширкати телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» иҷозаи фаъолиятро додааст. Аммо дар тӯли се соли охир ин кумита барои чанд радиои мустақил, аз ҷумла дар минтақаҳои кишвар, иҷозатнома додааст, ки онҳо бештар барномаҳои фарҳангӣ таҳия ва пахш мекунанд.

Самад Ҳикматов, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо «Озодӣ» дар робита ба меъёрҳои додани муҷаввиз барои радиои ва телевизон гуфт «ҳамаи ин кор аз рӯи «Қонун дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва боби 50-и «Низомнома дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» сурат мегирад.»

Дар ҳамин ҳол ҷаноби Ҳикматов гуфт, феълан дар ҳудуди Тоҷикистон 57 шабакаи телевизионии давлативу хусусӣ фаъолият мекунанд, ки барои Тоҷикистон ин рақам кам нест. Аммо Абдуфаттоҳ Воҳидов, як масъули Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар ин замина мегӯяд, аз ин теъдод танҳо 17-тояш шабакаҳои мустақиланд, ки аксаран дар шимоли кишвар фаъоланд ва муҷаввизи худро то соли 1999 ба даст овардаанд.

Гузашта аз ин, ҷаноби Воҳидов гуфт, тибқи мушоҳидаҳо, кумитаи муҷаввиздиҳӣ ғолибан барои дархосткунандагон бо баҳонаи номукаммал будани аснод, ҷавоби рад медиҳад. Вай меафзояд, «аслан дар қонун дар бораи таъсиси телевизион ва радио, номгӯи ҳуҷҷатҳо вуҷуд дорад ва ман фикр намекунам, онҳое, ки муассиси радио ва телевизион шудан мехоҳанд, ҳатман аз ин қонун бархӯрдоранд ва дар асоси он аснод пешниҳод месозанд. Аммо дар ҷавоб ҳамин як ҳарф аст, ҳуҷҷатҳои шумо нопурра ва маълум нест, ки ин чӣ гуна ҳуҷҷат бошад.»

Абдулфаттоҳ Воҳидов, рӯзноманигори тоҷик.
Абдулфаттоҳ Воҳидов, рӯзноманигори тоҷик.
Абдуфаттоҳ Воҳидов бо ишора ба инҳисор шудани соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ меафзояд, ки ин ниҳод намехоҳад дар муқобили худ рақиби мустақил ва қавиро пайдо кунад. Ӯ афзуд, «Кумитаи радио ва телевизион манфиатҳои соҳавии худро бартар аз манфиатҳои ҷамъиятӣ медонад. Ва таври маълум, тамоми минтақаҳои сарҳадии кишварро телевизионҳои хориҷӣ "забт" карданд, фазои итилоотии моро гирифтаанд. Ва бо вуҷуди он, ки раҳбарияти кишвар аз ин огоҳ аст, аммо ҳамин манфиатҳои гурӯҳиву соҳавӣ аст ва намегузоранд, ки ақаллан дар ҳамин ҷойҳо телевизионҳо ва радиоҳои маҳаллӣ пайдо шаванд.»

Вале бо ин ҳама Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон мегӯяд, расман комиссюни муҷаввиздиҳӣ наметавонад ҳамчун ниҳоди мустақил фаъолият кунад, чун тибқи қонунгузории кишвар, зери итоати ин кумита қарор дорад. Гуфта мешавад, комиссияи муҷаввиздиҳӣ аз 11 нафар иборат аст, ки дар вазоратҳо ва идораҳои мухталифи кишвар кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG