Игор Сатторов, сухангӯи ширкат дар таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, тайи шаш моҳи ахир ширкат дастгоҳҳоеро насб кард, ки қудрати истеҳсоли 70 дарсади эҳтиёҷоти корхонаро дорад, аммо дар ҳоли ҳозир танҳо аз гази воридотӣ истифода хоҳад кард. Вай афзуд, гази дохилӣ танҳо дар ҳолатҳои бӯҳронӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Моҳи апрели соли равон Ӯзбакистон барои чанд рӯз воридоти газ ба Тоҷикистонро қатъ карда буд. Ин вазъ «Талко» - ро маҷбур кард, ки манбаи истеҳсоли газро дар дохили кишвар ба роҳ монад.
Дар ҳамин ҳол, ширкат тасмим гирифтааст, истеҳсоли алюминийро то охири соли равон 3% коҳиш диҳад ва тавлидотро аз 281 ҳазор тоннаи нақша ба 273 ҳазор кам кунад. Сабаби инро масъулини «Талко» дар поён рафтани қимати алюминийи аввалия дар бозори ҷаҳонӣ арзёбӣ мекунанд. Як тонна алюминийи аввалия аз 2 ҳазору 203 доллар ба 1 ҳазору 889 доллар поён омадааст.
Бино ба иттилои «Талко», то ба ҳол дар Тоҷикистон 145 ҳазор тонна алюминийи аввалия истеҳсол шуда, 140 ҳазор тоннаи он ба Русия, Аврупо, Амрико, Туркия ва Чин содир шудааст.
«Талко» бузургтарин ширкати истеҳсоли алюминий дар Осиёи Марказӣ ва бузургтарин корхонаи Тоҷикистон ба шумор меояд.