Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФМС теъдоди тоҷиконро дар Русия 1 миллиону 60 ҳазор гуфт


Хадамоти муҳоҷирати Русия мегӯяд ба рӯзи 14-уми декабри соли 2012 дар ҳудуди ин кишвар 1 миллиону 60 ҳазору 270 шаҳрванди Тоҷикистон иқомат доранд.

Ба иттилои сомонаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, Тоҷикистон аз рӯи шумораи шаҳрвандон дар ин кишвар, баъди Узбакистону Украина дар зинаи сеюм меистад. Теъдоди шаҳрвандони Узбакистон дар Русия 2 миллиону 300 ҳазор ва аз Украина 1 миллиону 400 ҳазор нафарро ташкил додааст. Хадамоти федералии муҳоҷират шумораи озарбойҷониҳоро 620 ҳазор ва қирғизҳоро 540 ҳазор нафар арзёбӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, мегӯяд тайи моҳҳои январ-ноябри соли равон аз кишвар 824 ҳазор ба муҳоҷират рафта, 576 ҳазор нафар баргаштаанд. Адади 576 ҳазор муҳоҷири баргашта ба замми 1 миллиону 60 ҳазоре, ки то ҳол дар ҳудуди Русия ҳастанд, ҳосил мешавад, ки имсол ҳудуди 1 миллиону 700 ҳазор шаҳрванди тоҷик дар Русия қарор доштаанд.

Аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва маблағҳои коркардаашон муътадилияти иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро таъмин мекунанд. Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ Тоҷикистонро аз рӯи ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирон, яке аз пешсафон дар дунё арзёбӣ кардааст. Ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, соли гузашта муҳоҷирони меҳнатии тоҷик 3 миллиард доллари амрикоӣ ирсол намудаанд, ки 47 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG