Пан Гӣ Мун, котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, дар изҳороте, ки ба муносибати 18-уми декабр, Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон, паҳн кардааст аз давлатҳои ҷаҳон даъват кардааст, ки ба ғайр аз боздошт, роҳҳои дигари муборизаро бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дарёфт кунанд.
Ӯ бо таассуф таъкид намудааст, ки айни ҳол дар ҷаҳон сиёсатҳои миллии муҳоҷират бе назардошти осебпазирӣ ва истисмори муҳоҷирон таҳия ва татбиқ мегарданд: "Дар бисёри кишварҳои ҷаҳон муҳоҷирон гунаҳкори вазъи бади иҷтимоии шаҳрвандони муқимӣ арзёбӣ мешаванд ва «тӯъма»-и мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мегарданд."
Дар изҳороти Пан Гӣ Мун омадааст, ки имрӯз 214 миллион нафар муҳоҷир аз шароити сангини зиндагӣ дар Ватанашон гурехта, дар ғурбат ба мушкилоти боз ҳам мураккабтар, аз қабили нақзи ҳуқуқи инсон, қашшоқӣ ва истисмор мубтало мегарданд.
Котиби генералии СММ таваҷҷуҳи мақомдоронро ба он ҷалб кардааст, ки муҳоҷирон ҷасорат ва иродаи қавӣ барои бунёди ҳаёти беҳтарро доранд ва бояд бештар аз ин ҷанба истифода шавад.
Инчунин котиби генералии СММ хостори он шудааст, ки ҳукуматҳои ҷаҳон тамоми ҳуҷҷатҳои байналмилалиро, ки ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон равона шудаанд, ба тасвиб расонанд.
Дар Тоҷикистон тайи 10 моҳи аввали соли ҷорӣ бештар аз 765 ҳазор шаҳрванд ба муҳоҷират, асосан ба Русия рафтаанд. Дар маҷмӯъ теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз 1 миллион нафар арзёбӣ шуда, тибқи иттилои ҳомиёни ҳуқуқ шароити ҳаёту фаъолияти онҳо сангин аст.
Дар ҳамин ҳол Сафиаллоҳ Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, рӯзи 18-уми декабр, зимни як нишаст дар шаҳри Душанбе изҳор доштааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои танзими ҷараёни муҳоҷирати корӣ чораҳои муҳимро амалӣ мекунад. Аз ҷумла, ба гуфтаи Девонаев, Тоҷикистон тайи моҳҳои охир тарҳи чанд лоиҳаи созишномаро дар бахши муҳоҷират бо Украина, Қатар ва Кореяи Ҷанубӣ таҳия кардааст, ки дар ҳоли мувофиқа қарор доранд.
Инчунин Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, мегӯяд айни ҳол дар кишвар бо кӯмаки Созмони ҷаҳонии муҳоҷират бақайдгирии автоматикунонидашудаи муҳоҷирон мавриди санҷиш қарор дорад. Чунин наҳваи бақайдгирӣ, оморҳои ҳаррӯза, даҳрӯза ва ҳармоҳаро бо назардошти фоизҳои рафтуомад, синну сол, давлат, самтҳои рафтуомад, иҷозатномадиҳӣ, рӯйхати кормандони назоратӣ, рӯйхати шаҳрвандони аз давлатҳои хориҷӣ ихроҷшудаи Тоҷикистон, рафту омади муҳоҷирони меҳнатӣ аз ноҳияҳо, насаби дар муҳоҷират фавтидагон, ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз ҶТ ва дигар иттилоотро фаро мегирад. Ба гуфтаи масъулини Хадамот ин иқдом имкон медиҳад, ки назорати ҷараёни муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистон осонтар шавад.
Рӯзи 18-уми декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳоро қабул намуда, дар таърихи 4-уми декабри соли 2000-ум СММ 18-уми декабрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон ба расмият даровард.