Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телефон – василаи саргармӣ дар сардию торикиҳои деҳот


Ҷавонони деҳот мегӯянд, дар сардӣ, бебарқӣ ва бекорие, ки навоҳии Тоҷикистонро фаро гирифтааст, телефони ҳамроҳ ба ягона василаи саргармиашон табдил ёфтааст.

Ёдгор, як ҷавони 25 солаи тоҷик мегӯяд, ки телефон барояш на танҳо василаи муошират аст, балки як воситаи тафреҳу омӯзиш ва вақтгузаронӣ низ мебошад. Ӯ як моҳ қабл аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштааст ва айни ҳол вақти холӣ фаровон дорад: «Аз бекорӣ маҷбур мешавем дар вақти барқ будан, 1 соату ду соат телефонамонро дар заряд монда, дигар рӯзи дароз бо он машғул мешинем. Телефонам ба интернет пайваст аст, агент медароям, одноклассники, дӯстону рафиқонамро меёбам, бо онҳо суҳбат мекунам. Дигар чӣ кор кунам? Кор нест!».

Ёдгор ҳар моҳ барои телефонаш ҳудуди 150 сомониро сарф мекунад, аммо бо вуҷуди ин, аз телефон даст кашида наметавонад, чун мегӯяд интихоби дигаре надорад.

Насли калонсолтар, ки дар гузашта рӯзгори хубтареро аз сар гузаронидаанд, бо дидани ҳаёти аксари ҷавонони деҳоти имрӯза, дигар ҷавониро давраи тиллоии умр намедонанд. Камолиддин Бобоев, сокини 38 солаи рустои Қаратоғ гуфт, ҷавонони деҳот имрӯз намедонанд, ки вақташонро чӣ тавр гузаронанд ва рӯзи дароз бо телефон машғуланд ё сари роҳ ҷамъ шуда, рӯзашонро шом мекунанд: «Дар вақти ҷавонии мо ҳарчанд компютеру интернет набуд, вале барқ буд, ба радиову телевизион, рӯзномаҳо дастрасӣ доштем. Ҳар гуна маҳфилҳо, аз ҷумла варзишӣ буданд, ки дар онҳо иштирок мекардем.»

Дар ҳамин ҳол, намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Қиёмиддин Миралиев гуфт, ки воқеан ҷавонон шуғл надоранд ва бо мушкилиҳои зиёд рӯбарӯянд. Ӯ таъкид намуд, ки бо амалӣ намудани барномаҳои вижа вазъ беҳтар мегардад. Аз ҷумла ба гуфтаи Миралиев ташкили марказҳои ҷавонон, таъмини ин марказҳо бо дастгоҳҳои техникӣ, курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ барои ҷавонон ба нақша гирифта шудааст. Ин масъули Кумитаи ҷавонон афзуд, ки дар масъалаи шуғли ҷавонон лоиҳаҳои гуногуни соҳибкорӣ пиёда шудаанд ва дилхоҳ нафаре, ки каме ҳаракат мекунад, метавонад соҳиби кори худ шавад.

Тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ дар давоми панҷ соли охир теъдоди марказҳои ҷавонон аз 25 адад ба 67 расида, шумораи варзишгоҳҳо низ зиёд гардидаанд.

Аммо Саидқул Бобозода, ҷомеашиноси тоҷик, инро кофӣ ва фаъолияти аксари марказҳоро алалхусус барои деҳот муассир намедонад. Ба гуфтаи ӯ, ин ташкилотҳо барои ҷавонони деҳот ягон чорабиниро амалӣ накардаанд. Бобозода таъкид намуд, ки китобхонаю клубҳое, ки дар баъзе аз рустоҳо мавҷуданду кормандонашон як миқдор маош мегиранд, дар амал фаъолият намекунанд ва дарашон пайваста баста аст.

Дар ҳамин ҳол мувофиқи омори расмӣ феълан дар Тоҷикистон шумораи ҷавонони синни 15-30 сола 2 миллиону 715 ҳазорро ташкил медиҳад, ки аз ин расман ҳамагӣ 26 ҳазор нафари онҳо бекоранд. Баробари ин ҷавонон наздики 57 дарсади муҳоҷирони кории тоҷикро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG