Ин ҳамоиш дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии куҳ, ки ҳамасола 11-уми декабр ва соли байналмилалии куҳ, ки имсол эълон шудааст, баргузор гардида, иштирокдорони он таъкид намудаанд, ки куҳистон ба ҳимояи қонун ва давлат эҳтиёҷ дорад.
Шаҳбоз Миралибеков, роҳбари созмони ҷамъиятии «Нур», ки ҳамоиши мазкурро баргузор кардааст, изҳор дошт, ки дар ҷумҳурӣ ҳамасола дар робита ба об ва захираҳои он чорабиниву талошҳои зиёд амалӣ мешавад, вале куҳ ва мушкилоти сокинони он аз мадди назари ҳукумат дур мондааст. Миралибеков мегӯяд оби тоза тарғиб мешавад, вале моҳияти куҳ ҳанӯз дарк нашудааст.
Ба гуфтаи ҷаноби Миралибеков ин ҳам дар ҳолест, ки зиёда аз 90 дарсади ҳудуди ҷумҳуриамонро кӯҳистон ва сокинони он қисмати қобили мулоҳизаи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Ба андешаи ӯ кӯҳистон қабл аз ҳама ба ҳифз ва муносибати оқилона ниёз дорад ва ба манзури кам кардани пайомади манфии фаъолияти инсон дар кӯҳистон, бояд донишҳои экологии мардум густариш ёбанд: "Одамон дар кӯҳ партовгоҳ карданд, ҷангалзорон бурида мешаванд, бисёр ҳайвонот ваҳшиёна қир карда мешаванд, дар заминҳо ва чарогоҳҳо химикатҳо истифода мекунанд, ин ҳама зарари экологист.”
Баробари ин Шаҳбоз Миралибеков изҳор дошт, ки сокинони кӯҳистон дар шароити сахти иҷтимоӣ зиндагӣ доранд ва барои дастгирӣ ба чунин як қонуне ба мисли «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манотиқи кӯҳистон» эҳтиёҷ доранд. Ӯ мӯътақид аст, ин қонун ба сатҳи зиндагии бештар аз ду миллион сокини кӯҳистон таъсири мусбат мегузорад.
Тарҳи қонун дар бораи манотиқи кӯҳистон ҳанӯз чанд сол пеш бо ташаббуси гуруҳи вакилони Маҷлиси намояндагон, ба парлумон ироа гардидааст, вале баррасии он то ба ҳол мавқуф гузошта шудааст. Миралибеков мегӯяд агар ин қонун қабул мешуд, деҳот ва мардуми кӯҳистон аз он баҳраи хубе мебардоштанд, вале ӯ бо таассуф илова намуд, ки пешнависи ин қонун дар парлумон гум шудааст.
Бархе аз сиёсатмадорони ҷумҳурӣ бар зидди қабули чунин қонун баромад карда, изҳор медоранд, ки мардуми Тоҷикистон новобаста аз он, ки дар водиҳо ё кӯҳистонанд, қариб зиндагии яксон доранд ва қабули ин қонун тафриқаи иҷтимоиро боз ҳам афзоиш медиҳад.
Ба андешаи устоди донишгоҳи давлатии Хоруғ, Алидод Чароғабдолов сатҳи пасти истифодаи сарватҳои кӯҳистон дар кишвар яке аз сабабҳои адами таваҷҷӯҳ ба манотиқи куҳистон ва сокинони он шудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Чароғабдолов, гарчанде ганҷҳои бойи кӯҳистон то ба ҳол дастнозада хобидаанд, танҳо ба хотири хизмате, ки кӯҳҳои зебо ва боҳашамат барои ҳифзи фарҳанг, забон ва мардуми тоҷик кардаанд, месазад, ки Рӯзи байналмиллалии кӯҳ дар кишварамон мақоми шоиста дошта бошад.