Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафақаи муҳоҷирон: Мушкили ҷиддӣ ё "ҳар чӣ пеш омад, хуш омад?"


Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон дар феҳристи барномаҳояш дар соли 2013, масъалаи нафақаи муҳоҷирини кории кишварро ворид кард.

Ин тасмим пас аз пешниҳоди Мӯсо Асозода, аз Ҳизби халқӣ -демократии Тоҷикистон пазируфта шуд, ки гуфт, беш аз 1 миллион муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар хориҷи кишвар пас аз синни нафақа бидуни дастгирии ҳукумат хоҳанд монд. Ҷаноби Асозода аз ҷумла гуфт, ки "онҳо маболиғи зиёдро ба хонаҳояшон мегузаронанд, аммо аз ин ягон тин ба фонди нафақаашон ворид намекунанд. Чун ба синни 63 расиданд, талаб мекунанд, ки нафақа мехоҳанд. Ин мушкилоти ҷиддӣ аст ва оянда ба дӯши ҳукумат меафтад."

Бино ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ, ҳар сол беш аз як миллион нафар аз Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба хориҷ, қабл аз ҳама Русия мераванд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз аз соли 2002 ба ин сӯ миёни ин кишвар ва
Мусо Асозода, аз раҳбарони ҲХДТ, масъалаи нафақаи муҳоҷирони кориро мушкили ҷиддӣ хонд.
Мусо Асозода, аз раҳбарони ҲХДТ, масъалаи нафақаи муҳоҷирони кориро мушкили ҷиддӣ хонд.
Русия Созишномаи ба суғуртаи меҳнатӣ ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатӣ баҳс мешавад ва бори охир соли 2008 ҷониби Тоҷикистон ин санадро барои баррасӣ ба Русия пешниҳод кардааст. Коршиносон ҳам бар ин нукта ишорат мекунанд, ки чун нафъи муҳоҷирини тоҷикро ду кишвар бармедоранд, бояд ҳарду масъули нафақаи онҳо бошанд.

Абдураҳмон Раҳимов, аз вазорати ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ниҳоди масъули гуфтушунидҳо, мегӯяд, Русия дар навбати аввал талаб дорад, ки Тоҷикистон дар оғоз низоми равуои шаҳрвандонашро ба танзим дарорад ва ҳар як нафар қонунӣ ба ин кишвар омада, расман фаъолият кунанд, пас масъалаи нафақаи муҳоҷирин баррасӣ хоҳад шуд: «Масъалаи ҷалби муҳоҷирин ба суғуртаи меҳнатӣ тайи солҳост, ки дар баррасии ҳукумати Тоҷикистон аст. Ҳоло низоми ҷалби муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар ягон кишвари будубоши онҳо ба роҳ монда нашудааст. Мо ҳамаро пурра асоснок карда додем, аммо ҷониби Русия, ки аксарияти кулли муҳоҷирини мо он ҷоянд, ҳанӯз хомӯш аст.»

Ҷаноби Раҳимов мегӯяд, созишномаи ба суғуртаи меҳнатӣ ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатӣ бояд дар пайи тасвиби Созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ду кишвар ба тасвиб мерасид. Ахириро соли 2005 парлумони Тоҷикистон ба имзо расонда буд, аммо то ба ҳол он дар Русия ба тасвиб нарасидааст.

Як манбаи дигар, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, дар ҳоли ҳозир сари ҳар масъала намешавад бо Русия вориди баҳс шуд, чун танзими равуои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия умуман имкон надорад, магар ин ки низоми раводид ҷорӣ шавад. Вай афзуд, аз ин хотир, бояд ягон роҳи дигарро пайдо кард.
Аз нигоҳи мақомоти Тоҷикистон ҳоло ин роҳ пайдо шудааст ва сар аз 1-уми январи соли 2013, дар кишвар Қонун дар бораи суғуртаҳои нафақавӣ ва давлатӣ ба ҳукми амал медарояд, ки барои муҳоҷирин ба таври ихтиёрӣ гузаронидани як маблағи муайян барои нафақаро фароҳам мекунад.

Садҳо ҳазор аз тоҷикон солона барои пайдо кардани ҷоий кори муносиб озими Русия ва дигар кишварҳо мешаванд.
Садҳо ҳазор аз тоҷикон солона барои пайдо кардани ҷоий кори муносиб озими Русия ва дигар кишварҳо мешаванд.
Анвар Бобоев, муовини раиси Департаменти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, миёни ниҳодҳои марбута чанд пешниҳод вуҷуд дорад: "Аз ҷумла, ҳар як муҳоҷир пеш аз сафар ба хориҷа метавонад суратҳисоби худро дар «Амонатбонк» боз намояд ва пас ба Русия ё ягон кишвари дигар сафар кунад. Ӯ метавонад ҳар моҳ ё ҳар вақте тавонист ба ин суратҳисоб маблағи муайян гузаронад. Ин маблағ барои нафақаи ӯ ҷамъ мешавад."

Аммо мақомот ба ин нуктаи хеле муҳим ҳам ишорат мекунанд, ки худи муҳоҷирин дар ҳали ин масъала он қадар ҳавасманд ба назар намерасанд. Амонулло Холов, як муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи нафақа фикр намекунад ва ба «ҳарчӣ пеш омад, хуш омад» таваккал мекунад: «Шаш сол пас ба 60 медароям. Нафақа дуруст шавад, мешавад, нашавад не. Худо медонад, ки он чӣ қадар мешавад. Ин нафақае, ки медиҳанд, ба чӣ мерасад? Нафақаи миёна чанд аст? Як халта орд мешавад ё не!»

Аммо қонунгузории Тоҷикистон афродеро, ки андози фонди иҷтимоиро насупурдаанд, яъне аз ҳаққи нафақаи меҳнатӣ маҳруманд, сарфи назар намекунад. Тибқи қонунгузории кишвар, барои онҳо нафақаи иҷтимоӣ ҷудо мешавад, ки 50 дарсади ҳадди ақалли маошро пешбинӣ мекунад. Ҳоло ҳадди ақалли маош дар Тоҷикистон 104 сомонӣ аст.

Дар ҳамин ҳол суоле матраҳ аст, ки оё муҳоҷирони кории тоҷик ҳаққи дар Русия ҳам гирифтани нафақаро доранд? Барои гирифтани нафақа дар Русия онҳо бояд кадом шартҳоро иҷро кунанд? Барои посух ба ин суолҳо бо Виталий Плотников, раиси Бунёди якуми миллии нафақаи Русия, ҳамсӯҳбат шудем ва нахуст аз он пурсидем, ки қавонини Русия то куҷо ба гирифтани нафақа аз сӯи муҳоҷирони корӣ иҷоза медиҳад?

Плотников: Қонунгузории Русия нафақа гирифтани муҳоҷири кориро иҷоза медиҳад, албатта, дар сурате, ки ҳама чиз қонунӣ бошад, яъне ӯ бо кор таъмин бошад ва андоз супорад. Аммо муҳоҷири корӣ танҳо ба як бахш - бахши ҷамъ кардани маблағ барои нафақа дастрасӣ дораду халос. Ин маблағи бузург нест ва агар муҳоҷир шартҳоеро иҷро кунад, аз ҷумла, ҳангоми кор дар Русия иҷозаи иқомат дар кишварро дошта бошад, аз ҳаққи гирифтани нафақа бархурдор мешавад.

Озодӣ: Барои ин муҳоҷир бояд ягон аснодеро ба Бунёди нафақа пешниҳод кунад ва ҳар моҳ маблағеро ба Бунёди нафақа ирсол намояд?

Плотников: Маблағи аз рӯи қонун муқарраршударо ба Бунёди нафақа кордеҳ пардохт мекунад. Муҳоҷир бояд фақат собит кунад, ки статус ё мақомаш барои гирифтани нафақа иҷоза медиҳад.

Озодӣ: Бигӯед, ки аслан дар Русия мавзӯи пардохти нафақа ба муҳоҷирони корӣ оё баррасӣ мешавад?

Плотников: Бале, ин мавзӯъ баррасӣ мешавад, зеро теъдоди бузурги муҳоҷирон ба Русия меоянд ва табиист, ки баъди тарки кишвар дар стажи корияшон фосила пайдо мешавад ва онҳо аз ҳаққи гирифтани нафақа дар ватанашон маҳрум мемонанд. Дар ин ҷо низ кор карда, онҳо бисёр вақт ба ҷамъ овардани маблағе муваффақ намешаванд. Ин як мушкил аст ва аз рӯ баррасӣ мешавад, вале, аз нигоҳи ман, ба он андозае фаъолона муҳокима намешавад, ки мо барои ба зудӣ ҳал шудани он мутмаин бошем. Шояд дар ин самт пешрафте дар ҳалли нафақа баробари муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои собиқ шӯравӣ ба амал бияёд. Ва аммо ин ҷо ҳам мебинам, ки то расидан ба натиҷае вақт ҳанӯз зиёд аст. Ҳарчанд баррасии мавзӯъ идома дорад. Аз ин рӯ муҳоҷирони нисбатан , ба истилоҳ, “мутамаддин” дар Русия нафақаҳои худро аз рӯи режими ихтиёрӣ дуруст мекунанд – дар Русия Бунёдҳои ғайридавлатии нафақа мавҷуданд, ки барои ин шароит фароҳам овардаанд.

Озодӣ: Виталий, бигӯед, ки ба Бунёди шумо муҳоҷирони корӣ зиёд муроҷиат мекунанд?

Плотников: Бале, аммо онҳо асосан аз кишварҳои шӯравии собиқанд. Бо муҳоҷирон аз дигар кишварҳо низ кор мекунем, вале бояд гуфт, ки онҳо ангуштшуморанд. Ғайр аз ин, барои бунёдҳои ғайридавлатие чун мо шаҳрвандиву мақоми онҳое, ки муроҷиат мекунанд, зиёд муҳим нест, қонун моро барои мушаххас кардани шаҳрвандиву мақом муваззаф намекунад, аз ин рӯ мо нисбат ба бунёди давлатӣ демократӣ ҳастем. Бисёр вақт мо ҳатто намедонем, шахсе, ки созишро имзо карда ва барои нафақа маблағ ҷамъ мекунад, муҳоҷири корӣ аст ё шаҳрванд. Хуб, албатта, ба истиснои он ки бубинем, ки ӯ бо забони русӣ хуб ҳарф намезанад ва маълум шавад, ки хориҷӣ аст.
XS
SM
MD
LG