Дар ин филмҳо гуфта мешавад, ки 21-уми декабр охирин рӯзи дунё аст ва ин пешгӯӣ гӯё аз тарафи донишмандон тадсиқи илмӣ пайдо кардаанд. Ҳамчунин нашрияҳои гуногун ба нақл аз рӯзномаву маҷаллаҳои аврупоӣ далелу омилҳои охири ҷаҳонро ба нашр расондаанд. Дар натиҷа, даҳҳо нафар ба расонаҳои хабарӣ занг мезананд ва хоҳиш мекунанд, ки ин овозаҳоро шарҳ диҳанд. Хабари ба поён расидани дунёро акнун дар ҳар гӯшаю канори Тоҷикистон шунидан мумкин аст.
Гулҷамол, як ҳамсӯҳбати мо аз шаҳри Душанбе, мегӯяд, аз рӯзе ки ин хабарро аз шавҳараш шунид, тарсе дар вуҷудаш пайдо шуд, ки ӯро пайваста нороҳат мекунад. Гулҷамол мегӯяд, дар ошхона машғули омода кардани ғизо будаст, ки шавҳараш омада, «худро ғам надеҳ» гуфтааст, зеро 21-уми декабр дунё ба охир мерасад. Гулҷамол мегӯяд, агарчӣ медонад, ки лаҷоми чунин ҳодисаҳо дар дасти Худо ҳаст, вале наметавонад тарсро аз вуҷудаш дур созад.
Фарзона, мусоҳиби дигари мо аз шаҳри Душанбе бовар дорад, ки ин овозаҳо дурӯғанд. Вале ӯ наметавонад бародарашро, ки дар пайи шунидани ин ҳодисаҳо акнун мушавашхотир шудааст, муътақоид созад. Фарзона гуфт, бародари хурдияш дар мактаби миёна таҳсил мекунад ва ҳамеша аз ӯ суол мекунад ки чаро ба охири дунё омодагӣ намегирем.
Бисёре аз ҳамсӯҳбатони мо ба фарорасии охири дунё дар рӯзи 21-уми декабр бовар доранд ва далел меоранд, ки Георг Этвошмед, коршиноси умури фирқаҳо дар Швейтсария эълом доштааст, ки пайравони ин фирқа дар ин кишвар ба таври ҷиддӣ худро барои охирин рӯзи ҷаҳон омода мекунанд. Ба бовари онҳо мардум дар ин минтақа гӯшанишиниро ихтиёр карданд ва ҳатто бархе аз онҳо дар ҳафтаи гузашта аз мансабҳои худ истеъфо додаанд.
Сӯҳроб ҷавонест, ки бовар дорад «то шамол нашавад, шохи дарахт намеҷунбад». Ӯ бо ишора ба пешгӯии «Моё» (тамаддуни қадимие дар Амрикои то Колумб) мегӯяд, "Моё" тақвиме дорад, ки тибқи он 21-уми декабри соли 2012 дунё ба поён мерасад. Сӯҳроб мегӯяд, шояд ягон ҳодисае рух диҳад.
Равоншиносон мегӯянд, хабари ба қавле «шум» тез паҳн мешавад ва онро инсонҳо, зуд қабул мекунанд.
Ҷӯрабек Ҷӯрабоев, устоди кафедраи равоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, чунин овозаҳо, ки хосияти таҳдиду хатарро доранд ба рӯҳияи инсонҳо таъсири манфӣ мегузорад. Ин равоншиноси тоҷик яке аз сабабҳои эътиқоди мардум ба чунин овозаҳоро ба камсаводии онҳо рабт медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, воҳима дар вобастагӣ ба навъи ҳодисаҳо инсонро тарсу мекунад.
Ба ақидаи астрономҳо рух додани ҳодисаҳои таббиӣ ба мисли афтидани ҷурмҳои осмонӣ ё метеоритҳо вуҷуд дорад, ки бархе аз чунин ҳодисаҳо ба осонӣ пешгуӣ карда намешаванд. Абдуҷалол Сафаров нуҷумшиноси тоҷик мегӯяд, "барои мисол 60 млн. сол пеш санге аз осмон ба замин афтид, ки қисмати зиёди динозаврҳоро нест кард. Ҳодисаҳои табииӣ зиёданд, аммо ба охир расидани дунёро пешгуӣ карда намешавад." Ба гуфтаи ҷаноби Сафаровбар "бар асоси тақвими «Моё» дар Шветсария 21-уми декабр сол нав мешавад ва шояд ана ҳамин боиси пайдо шудани сарчашмаи чунин овозаҳогардидааст, ки гуё дунё ба поён мерасад."
Музаффари Рустам хабарнигори точик, ки барои омода намудани барномаи телевизионӣ дар «ТВ-Пойтахт» миёни мардум ин овозаҳоро таҳқиқ мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аксарияти мардум зудбоваранд ва онҳо ба ҳар як овозаву гапи дурӯғ зиёдтар аз ҳақиқат бовар мекунанд. Вай мегӯяд, гурӯҳҳое низ ҳастанд, ки барои ғорат кардани мардум ва ба даст овардани маблағи бе «дарди миён» чунин овозаҳоро роҳандозӣ мекунанд. Мисле, ки соли 2009 овозаи заминларзаи 10-12 балла, бо истифода аз телефонҳои ҳамроҳ миёни мардум паҳн шуд ва дар ҳоле, ки мардум шабро аз тарс дар кӯча рӯз мекарданд, дуздҳо моли онҳоро ба яғмо бурданд.
Аммо рӯҳониён мегуянд, барои мардуми мусалмон чунин як эътиқоди беасос ва бемаънӣ, ки хилофи ақидаи исломист, ҷоиз нест. Ҳоҷивалихони Баҳромзода, як рӯҳонии тоҷик мегӯяд, "қиёмат меояд ва ин ҳақ аст, аммо касе намедонад, кай, чун ин сирри ғайб аст ва ғайр аз Худованд касе намедонад дунё кай ба охир мерасад". Ҷаноби Баҳромзода мегӯяд , гузашта аз ин қиёмат нишонаҳои муайяни худро дорад- мегӯяд ин рӯҳонии тоҷик.
Дар ҳоле, ки хабари ба охир расидани дунё, ҳатто афроди нобоварро ҳам каме дудила кардааст, равоншиносон мегӯянд, ки бояд ниҳодҳои амниятӣ ва ВАО-и кишвар аз паҳншавии босуръати хабари поёни дунё пешгирӣ кунанд ва танҳо овоза будани инхабарҳоро шарҳ диҳанд, то мардум бо хотири ҷамъ, чун солҳои пешин аз пайи хариди солинавӣ ва ороиши дастархони идона шаванд.