Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷило-2012: "Ситора"-ҳоро мардум интихоб мекунанд


Дар Тоҷикистон Ҷоизаи "Ҷило-2012" таъсис ёфт, ки ба гуфтаи созмондиҳандагонаш дар муқоиса ба "Суруди Сол" муваффақ хоҳад буд.

Ин ҷоиза ба намояндагони бахшҳои синамо, театр, мусиқӣ, радио ва телевизион дода мешавад. Ба гуфтаи муассисон, ин ҷоиза аз ҷашнвораҳои ба ин монанд ба куллӣ фарқ мекунад, зеро барандагони онро на ҳайати ҳакамон, балки тамошобинон муайян мекунанд.

Ҳамчунин ба гуфтаи таъсисдиҳандагони ҷоиза он барои баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳои телевизионӣ ва филму мусиқӣ то андозае мусоидат хоҳад кард. Ҷоизаи "Ҷило-2012" тибқи овоздиҳии тамошобинон аз рӯи 15 номгӯй ба барнома, баранда, овозхон, коргардони беҳтарин ва дигарон тақдим хоҳад шуд. Созмондиҳандагони ин озмун роҳбарони иддае аз расонаҳо мебошанд.

Ҳабиба Даминзода, муаллифи тарҳ, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар муваффақ шудани ин лоиҳа итминон дорад, зеро дар ин озмун ба ноадолатӣ роҳ дода нахоҳад шуд. Ӯ аз таҷрибаи «Суруди сол» мисол оварда гуфт: "Суруди сол" муваффақ нашуд, чунки дар онҷо ҳакамон буданд, овоздиҳӣ тариқи смс буд ва сарояндаҳо ба суруди худ овоз медоданд. Барои ҳамин, овозхонҳо он қадар завқманд набуданд, ки ягон чизи хуб тавлид намоянд, зеро медонистанд, ки аз рӯи ҳақиқат ва адолат баҳогузорӣ намешавад."

Ба ин тартиб, мубтакирони ҷоизаи «Ҷило-2012» умедворанд, ки ин тарҳ дар боло бурдани ҷойгоҳи санъат ва ба хусус фарҳанги миллӣ дар Тоҷикистон таъсири мусбат хоҳад расонид. Ситора, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, феълан кам намоишҳои телевизионӣ ва ё клипу филмҳое ба навор гирифта мешаванд, ки мақбули тамошобинон гардад. Ба гуфтаи Ситора, ин боис шудааст, ки мардуми тоҷик бештар ба барномаҳои шабакаҳои радио ва телвизионии кишварҳои дигар ва тамошои филмҳои хориҷӣ рӯ оваранд: "Бисёртар майли ман ба филмҳои узбакӣ аст. Чунки филмҳои онҳо тарбиявӣ ва дар сатҳи хуб бардошта шудааст. Ҳатто ҳунармандони хурдсолаш ҳам нақшро чунон бозӣ мекунанд, ки хеле таъсирбахш аст. Мутаассифона, дар мо ин чиз кам дида мешавад. Баъзе сарояндаҳоямонро бошад, гӯш мекуниву нафратат меояд, мумкин худи онҳо ба маъниву мазмуни матни сурудашон сарфаҳм нараванд."

Ҳарчанд, Маҳмадрабӣ Исмоилов, коргардони ҷавони тоҷик, аз таъсиси ҷоизаи «Ҷило-2012» истиқбол менамояд, аммо мутмаин нест, ки ин иқдом барои боло бурдани сатҳу сифати санъати тоҷик мусоидат кунад. Ба бовари Исмоилов, мушкили аслӣ дар ин росто камбуди мутахассисони ҳирфаӣ ва мушкилоти молист, на чизи дигар. "Нақши муҳимро маблағ мебозад. Чунки ҳар он идеяе, ки коргардони филм дорад, аз сабаби набудани маблағ наметавонад, рӯйи навор орад. Ба ин далел камбағалӣ дар экран маълум мегардад. Мисол агар ту хоҳӣ 100 одамро дар наворҳои умумӣ гирӣ, вале пул надорӣ 20 одамро мегирӣ. Албатта, ҳамаи инро тамошобин эҳсос мекунад",-мегӯяд ӯ.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё бо таъсиси чунин ҷоизаҳо мешавад, сатҳу сифати синамо, мусиқӣ ва барномаҳои радио ва телевизиони тоҷикро беҳбуд бахшид. Мавлуда Раҳматова, рӯзноманигори тоҷик, бар ин назар аст, ки ин гуна иқдомот наметавонад, мушкилоти мавҷуда дар фарҳанги тоҷикро аз байн барад. Вале Мавлуда мегӯяд, ин гуна иқдоми фарҳангӣ барои рӯҳбаланд кардани фарҳангиён ва эҷодкорон кӯмак хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, дастандаркорони ҷоизаи «Ҷило-2012» ба манзури шаффофият дар баргузории ин озмун ва ҷалби ҳар чӣ бештари алоқамандон, матбуоти Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ даъват кардаанд, то онҳо фаъолияти ин озмунро мавриди пӯшиш қарор бидиҳанд.
Зимнан, интизор меравад, озмуни «Ҷило-2012» ба таърихи 20-уми декабри соли ҷорӣ ҷамъбаст ва ғолибон муайян ва бо мукофотҳо қадр хоҳанд шуд.
Тарҳи мазкур аз ҷониби Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон низ пуштибонӣ ёфтааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед
XS
SM
MD
LG