Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуздии хазинадори "Амонатбонк" дар Хатлон ошкор шуд


Хазинадори "Амонатбонк" дар Хатлон, дар тасарруфи қариб 1,5 миллион сомонӣ маблағи бонки давлатӣ муттаҳам мешавад.

Додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа тафтиши парвандаи ҷиноии Салим Бобоев, масъули дафтари хазинадории "Амонатбонк" дар вилояти Хатлонро ба итмом расонида, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардааст.

Нафари муттаҳам, ки 14 соли охир дар дафтари бонки давлатии амонатгузорӣ ба ҳайси масъули хазинадорӣ ифои вазифа мекард, ба иддаои додситонӣ, ба сохтакории хидматӣ, тасарруфи молу мулки боваркардашуда ва азхудкунии пулу моли ба тариқи кредит додашуда машғул гардида, даст ба ҷиноят задааст.

Як манбаъ дар додситонӣ гуфт: "Кормандони мақомоти давлатӣ, тибқи қонун, ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолиятҳои соҳибкориро надоранд, аммо Салим Бобоев бар хилофи манфиатҳои хидматиаш ва манфиатҳои бонки давлатӣ амал карда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бидуни ҳамчун соҳибкор дар нозироти андоз ба қайд гирифтан ва пешниҳод кардани нақшаи соҳибкорӣ (бизнес-план), ғайриқонунӣ "барои фаъолияти соҳибкорӣ" аз филиали №42-и Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" қарзи кӯтоҳмуддат ба маблағи 800 000 сомонӣ ба муддати як сол гирифта, онро аз худ карда, ба манфиати шахсии худ сарф кардааст."

Ба иддаои муфаттишони парванда, аз маблағи зикршуда ба миқдори 400 ҳазор сомониашро барои сохтмони манзили истиқоматиаш воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ба миқдори 100 ҳазор сомониашро барои сохтмони манзил дар ноҳияи Румӣ сарф кардааст. Ҳамин тариқ, Бобоев бо назардошти фоизи маблағи ҳамчун "қарз" дарёфтааш, ҷамъи умумӣ ба миқдори 1 243 456 сомонӣ ба филиали «Амонатбонк» дар вилояти Хатлон «зарари махсусан калони моддӣ» расондааст. Ғайр аз ин, хазинадори бонки мазкур наздики 300 ҳазор сомонии дигарро низ тасарруф карда, ба одамони гуногун "қарз" медодааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки додситонии Қӯрғонтеппа нисбати як корманди дигари масъули бонки давлатии «Амонатбонк»-ро дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо гумони тасарруфи қариб 2 миллион сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Ҳоло тафтиши парвандаи мазкур ҷараён дорад. Ҳарду корманди масъули «Амонатбонк» дар боздоштгоҳ қарор доранд. Аммо раҳбарияти филиали «Амонатбонк» дар вилояти Хатлон аз шарҳи қазияи мазкур худдорӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, шумори қобили мулоҳизаи шаҳрвандон, асосан афроди бознишаста ва кормандони мақомоти давлатӣ аз фаъолияти заифи дафтарҳои маҳаллии «Амонатбонк» шикоят карда, мегӯянд, наметавонанд саривақт маоши бознишастагӣ ва музди корашонро аз ин бонки давлатӣ дастрас кунанд. Ба иддаои таҳлилгарон, истифодаи берун аз мақсади маблағҳои ин бонки давлатӣ аз ҷониби кормандони масъулаш сабаби таъхир дар пардохти маоши шаҳрвандон гардидааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед
XS
SM
MD
LG