Дар айни замон МТС хабар медиҳад, ки бо ҳукми додгоҳи аппелятсионии Тошканд, ширкати мобилии Уздунробита, ки бахши МТС дар Узбакистон аст, дар фирор аз андозсупорӣ ва сирқат масъул дониста мешавад ва бояд дар давоми ҳашт моҳи оянда 600 миллион доллар ҷарима супорад.
Бо тақозои мақомоти Узбакистон фаъолияти Уздунробита дар миёнаҳои моҳи июл мутаваққиф шуда, 9,5 миллион муштарии он аз истифодаи хадамоти он маҳрум шуда буданд. Ин қазияи сер сару садо ба қӯшишҳои ҷалби сармоягузориҳои хориҷии ҳукумати Узбакистон таҳдид эҷод намуд, зеро ба назари коршиносон ин амал ҳамчун мусодираи тиҷорати соҳибкорони хусусӣ аз тарафи мақомоти Узбакистон арзёбӣ шуд.
Ба қавли раиси МТС Андрей Дубовский, ин ширкат хушҳол аст, ки додгоҳи Тошканд паёми МТС-ро нодида нагирифта, қисман тақозоҳои онро иҷро кардааст.
Моҳи сентябр додгоҳи Тошканд ҳукм баровард, ки моликияти Уздунробита ба нафъи давлати Узбакистон мусодира шуда, чаҳор раҳбари ин ширкат ба муддати дувуним солӣ аз озодӣ маҳрум шаванд. МТС хотирнишон мекунад, ки додгоҳи Тошканд ҳукми ҳабси раҳбарони Уздунробитаро по бар ҷой мондааст.
Дар соли 2004-ум МТС 74 дар сади саҳмияҳои Уздунробитаро харида, ба қавли раҳбаронаш дар ин муддат барои рушди кори ин ширкат 1 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст. Бар илова, дар солҳои ахир МТС саҳмияҳои боқимондаи Уздунробитаро ҳам ба даст оварда буд.
Ҷои ёдоварист, ки то соли 2004-ум яке аз соҳиби Уздунробита духтари президенти Узбакистон Гулнора Каримова буда, ҳамон вақт ширкатро бо нархи баландтар аз бозорӣ ба МТС фурӯхтааст. Яке аз соҳибони дигари Уздунробита Санҷар Умаров иддао дорад, ки Гулнора Каримова бо таҳдид ӯро аз ин ширкат берун карда буд.
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!