Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Александр Лукашевич ҳамчунин аз ин, ки баҳси молии бахши узбакистонии МТС бо вуҷуди талошҳои намояндагони ин бузургтарин ширкати мобилии Русия то ба додгоҳ кашид, изҳори таассуф кард.
Додгоҳи шаҳри Тошканд рӯзи 17-уми сентябр чаҳор корманди “Уздунробита”-ро шартан ба 3 соли зиндон маҳкум кард. Бо ҳукми ин додгоҳ, бояд дороиҳои ширкат низ ба манзури пӯшондани хисороти расида ба фоидаи давлат мусодира шаванд. Аммо раиси бахши узбакистонии МТС Радик Даутов, ки шаҳрванди Русия буд, аз масъулият озод шуда, ба Русия баргаштааст.
“Уздунробита”, бино ба хабарҳо, дар гузашта ба Гулнора Каримова - духтари президенти Узбакистон Ислом Каримов тааллуқ доштааст. Ширкати русии МТС “Уздунробита”-ро дар соли 2004 харид ва мегӯяд, дар ин муддат ба бахши узбакистониаш беш аз 1 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст. Ин ширкат то замони гирифториаш бо беш аз 9 миллион муштарӣ дар бозори телефонҳои мобили Узбакистон пешсаф буд ва 40 фоизи ин бозорро назорат мекард.
Аммо дар моҳи июл мақомоти Узбакистон масъулони “Уздунробита”-ро ба нақзи қавонин, аз ҷумла ба тахаллуфоти молӣ айбдор карданд. Хадамоти алоқаи Узбакистон ба дунбол аз 17-уми июл хатти муҷаввизи МТС дар қаламрави ин кишвари Осиёи Марказиро қатъ кард. Додгоҳи иқтисодии Тошканд дар моҳи август тамоми муҷаввизҳои МТС-ро бекор кард ва дар аввалҳои моҳи сентябр мақомот молумулки “Уздунробита”-ро ба ҳабс гирифт.
Ҷамъи умумии маболиғе, ки мақомоти Тошканд аз “Уздунробита” даъво доранд, аз марзи 1 миллиард доллар мегузарад ва ин иттифоқан баробари маблағест, ки бино ба иддаои МТС, ин ширкати русӣ дар Узбакистон сарф кардааст.
Михаил Шамолин - раҳбари АФК “Система”, ки МТС-ро идора мекунад, гуфтааст, онҳо бо ҳукми додгоҳи Тошканд розӣ нестанд ва алайҳи давлати Узбакистон ба додгоҳҳои байналмилалӣ шикоят хоҳанд бурд.