Аз аввали моҳи май маъракаи густардаи моякӯбии кӯдакон ба муқобили вируси фалаҷи атфол дар Тоҷикистон шурӯъ шуда, то имрӯз ба гуфтаи Шамсиддин Ҷобиров, ҳудудан 90 дарсад кӯдакони зери шашсола моякӯбӣ шудаанд.
Аммо, оқои Ҷобиров аз арқоме, ки дар матбуоти Тоҷикистон роҷеъ ба афроди мубтало ба фалаҷи атфол оварда мешавад, изҳори нигаронӣ кард:
“Аз 233 нафаре, ки ба гумони мубтало будан ба ин беморӣ то рӯзи 6-уми май ба қайд гирифта шуданд, ташхиси зиёда аз 182 нафари онҳо ба яке аз лабораторияҳои Маскав фиристода шудааст. Аз миёни онҳо як нафар фавтидааст. Азбаски ин беморӣ дар хуруҷ буд, бисёр одамон фикр карданд, ки аксарият аз ин беморӣ фавтидаанд. Чи хеле ки мо маълумот дорем аз ташхиси лабараторӣ фақат як нафар фавтидааст”.
Шамсидин Ҷобиров, раиси бахши моякӯбии вазорати тандурустии Тоҷикистон, ҳамчунин тасмими мақомоти Русия барои манъи воридоти меваи хушк ва ҳамчунин манъи бурдани кӯдакони то шашсола ба ин кишварро бепоя хонд:
“Тибқи низомномае, ки аз сӯйи кишварҳои узви Созмони ҷаҳонии беҳдошт, имзо шудааст, нисбат ба бемории фалаҷ чораҳои манъкунии мусофират ва ҳамлу нақли маҳсулот набояд андешида шавад. Ин гуфтаҳо пешниҳодоти илман асосёфтаи Созмони ҷаҳони беҳдошт мебошанд. Гузашта аз ин, ҳоло меваҳои хушк асосан дар вилояти Суғд омода шуда ва ба Русия фиристода мешаванд, ки то ҳол дар ҳудуди ин вилоят ягон ҳодисаи фалаҷ ба қайд гирифта нашудааст”.
Ҳукумати Тоҷикистон ба вазорати тандурустии кишвар дастур додааст ба зудтарин фурсат асноди сифати меваҳои хушки Тоҷикистонро бо нишондоди технологияву тарзи хушконидани он таҳия кунанд. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ин аснод ба ҷониби Русия ҷиҳати итминон бахшидан ба он ки ангезандаи бемории фалаҷи кӯдак надорад, пешниҳод хоҳад шуд. Аввали ҳафтаи равон хадамоти назорат бар сифати маводи истеъмолии Русия, ба далели хуруҷи бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон ва кашфи нишонаҳои ин беморӣ дар як тифли тоҷик дар Русия воридоти меваҳои хушк аз Тоҷикистонро ба қаламраваш мамнуъ эълон кард. Вале мақомоти Русия аз кашфи ангезандаи бемории фалаҷи кӯдак дар меваи хушки Тоҷикистон хабар надодаанд.