Дар вилояти Суғд 4 созмони ҷамъиятӣ барои ёрӣ ба бачаҳои маъюб ва хонаводаи онҳо Бунёди хайриявие таъсис доданд.
Умедҷони 19-сола аввалин нафарест, ки Бунёди навтаъсис рӯзҳои иди Қурбон ба вай аробаи маъюбӣ туҳфа кард. Вай аз 5 солагӣ барҷомонда шуд ва ба душворӣ ҳарф мезанад. Аммо аз ”нағз, нағз” гуфтану ҷеҳраи шукуфонаш маълум, ки аз туҳфа хеле шод аст.
Муҳаббат Бобоҷонова, модари Умедҷон нақл кард, ки ба хости тақдир ду фарзандаш, Умедҷон ва Сурайёи 29-сола дар 6 солагӣ аз раҳравӣ монданд. Шавҳараш вафот карда, нигоҳдории ҳар ду фарзанди маъюб танҳо бар дӯшаш аст. Давлат ба ҳар ду фарзандаш 200 сомонӣ нафақа медиҳад. Вай мегӯяд: “Ба мо одамҳои саховатманд ёрӣ мерасонанд. Мешинохтагиҳо аз ҳоламон хабар гирифтаю пурсида меистанд. Аз ҳукумат ҳам ба Сурайё аробача дода буданд. Ана, боз ҳам аробача ҳадя карданд. Хайрият, ки ҳамин хел одамҳои нек ҳастанд.”
Баҳрӣ Абдураҳмонова, раҳбари созмони “Диёр”, ки ба ҷустуҷӯи муҳоҷирони гумгашта машғул аст, якҷо бо созмонҳои “Ваҳдати ҷавонон”, “Гив - Аксент” таъсисдиҳандагони Бунёди хайриявии атфоли маъюб маҳсуб меёбанд. Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар вилояти Суғд 7 ҳазор, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд 400 ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 800 нафар бачаҳои маъюб зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз давлат нафақаи кам мегиранд ва ба ғамхории ҷомеа ниёз доранд. Махсусан, модарони бачаҳои маъюб бояд дастгирӣ бинанд, чунки аксари ин занҳои мардона ба хотири нигоҳубини фарзанди маъюбашон ночор тарки кору вазифа карда, дар хона мешинанд.”
Ба ақидаи хонум Баҳрӣ, дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон кам нестанд саховатмандоне, ки барои ёрӣ ба оилаҳои нодору беморону дармондагон дасту дили боз доранд: “Мо мунтазир нахоҳем буд, ки кай ба мо аз хориҷа дасти ёрӣ дароз мекунанд. Аллакай бархе соҳибкорон омодагии худро барои расонидани хайрия ба Бунёди мо баён доштанд. Дастҷамъона рӯзгори бачаҳои маъюбамонро каме беҳтар мегардонем. ”