Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Вахш ба маъюбон зарфи газдор ваъда кард


Бинои ҳукумати ноҳияи Вахш.
Бинои ҳукумати ноҳияи Вахш.

Ҳукумати ноҳияи Вахш барои дастгирии маъюбон дар сардиҳои зимистон, ваъда додаст, ба онҳо як ададӣ зарфи газдорро тақдим мекунад

Ҳукумати ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бо тақозои 200 нафар аз сокинони маҳаллӣ, ки маъюб ҳастанд, барояшон ваъда дод, ки як ададӣ баллон ё зарфи газдор тақдим мекунад.

Нур Лоиқов, сокини ноҳияи Вахш, маъюби гуруҳи якум ва намояндаи афроди маълули ноҳия гуфт, бебарқии бардавом ва сардиҳои қаҳратуни зимистон бештар аз ҳама ба вазъи иҷтимоии одамони имконоти ҷисмониаш маҳдуд таъсири манфӣ расонида, боиси хуруҷи бемориашон мегардад. Вай, ки аз ҳоли нигаронкунандаи маълулон дар рӯ ба рӯйи раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов шикоят мекард, хостори он шуд, ки ҳамаи маъюбон ҳадди ақал дар мавсими сармо бо маводи сӯхти доимӣ таъмин карда шаванд.

Бароталӣ Юсуфов, раиси ноҳияи Вахш.
Бароталӣ Юсуфов, раиси ноҳияи Вахш.
Бароталӣ Юсуфов, раиси ноҳияи Вахш, гуфт, уҳдадор аст, ки ба зудтарин фурсат ҳамаи 200 нафар маъюби маркази ноҳияро ройгон бо миқдори муайяни ангишт ва якададӣ баллони газдор таъмин намояд.

Хонум Раҷабгул, як сокини солманд ва маъюби ноҳияи Вахш, мегӯяд, зимистонҳо бар асари бебарқӣ ва сардии хонааш аз шиддати дарди миён азият мекашад, аммо нодорию ниёзмандиаш имкон намедиҳад, ки худро муолиҷа намояд ё ҳадди ақал барои гарм кардани хона миқдори кофии ангишту ҳезум харад: "Хиштро гарм карда, мегузорам, дарди миёнам сабуктар мешавад. Шояд аз сабаби серфарзандӣ маъюб шудаам. Ҳеҷ кас ёрдам намедиҳад. Як писар дорам, ки касалманд аст, дилзанаку фишорбаландӣ дорад. Ба ман кӯмак карда наметавонад. 100 сомонӣ нафақа мегирам, албатта, намерасад».

Хонум Раҷабгул афзуд, ки гоҳе ҳамсояҳо барояш ғизо ва пироҳан медиҳанд, аммо ба ҳангоми дасткӯтаҳӣ вай ночор ба талбандагӣ дар бозори маҳаллӣ рӯ меорад.

Зани рустаборе, ки худро Сония муаррифӣ кард, гуфт, маъюбии бардавомаш боиси он шуд, ки дар ягон корхонаю муассиса ӯро ба кор қабул намекунанд. Ҳоло ин зан, ки аз ангуштони дасташ маҳрум аст, низ ноилоҷ ба талбандагӣ машғул аст: «Кӯдакони ноболиғ дорам, онҳоро хӯрондан лозим. Барои ҳамин гадоӣ мекунам. Ин шуғл беҳтар аз дуздист. Баъзан одамон моро нафрат мекунанд, мегӯянд, ки чаро ҷавонию кор намекунӣ? Охир бе пойи равон маро кӣ ба кор мегирад? Гоҳе милисаҳо моро пеш мекунанд, ҷавонон ҳам ғам медиҳанд, аммо чорае дигар ҷуз талбандагӣ надорам».

Қурбоналӣ Алиеви 78-сола, маъюби дигар аз шаҳри Сарбандро низ фарорасии мавсими сармо безобита кардааст. Вай мегӯяд, ки солҳои тӯлонӣ барои кӯмаки иҷтимоӣ дари мақомотро мекӯбад, аммо гӯши арзшунаверо пайдо карда наметавонад: «Кӣ ёрӣ расонад? Маъюб, ки шудӣ, ба касе даркор намешавӣ. Чанд сол шуд, ки чашмҳоям намебинад, пойҳоям дард мекунад, ягон кас аз дастам мегираду берун мебароям. Ҳуҷҷатҳоям дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ сӯхтанд, худам ҳам аз замон солҳо маъюб ҳастам. Базӯр барқарор карда, миқдоре
Қурбоналӣ Алиев
Қурбоналӣ Алиев
афақапулӣ мегирифтагӣ шудам. Зимистонамон бо азоб мегузарад, ҳаво, ки сард шудан гирад, маро ғам фаро мегирад, ки дар хонаи сарду торику бешароит чӣ хел боз як зимистони дигарро пушти сар мекарда бошем.»

Бобои Қурбоналӣ соҳиби як писар аст, аммо пас аз реҳлати ҳамсараш, писари ӯ ба Русия бо ҳадафи мардикорӣ рафта, 10 сол аст, ки аз худ дарак надодааст.

Дар ҳоле, ки афроди маъюб ба муҳтоҷии худ таъкид мекунанд, аз ҷониби як соҳибкори маҳаллӣ ба 50 нафар нобиноёни ноҳияи Бохтар кӯмаки пулӣ ироа шуд. Ба ҳар яке аз ин маъюбон ба андозаи 100 сомонӣ, ҷамъ 5000 сомонӣ, тақдим карда шуд, то маводи лозимӣ барои зимистонгузарониашонро харид кунанд.

Дар Тоҷикистон, тибқи омори расмӣ, беш аз 150 ҳазор маъюб ба сар мебаранд. Бисёр шуда, ки ҷамъиятҳои маъюбон ва созмонҳои иҷтимоӣ аз камии ҳаҷми кӯмакпулии давлат, аз нақзи ҳуқуқи маъюбон, аз мушкилоти дастрасии маълулон ба таҳсил ва табобат шикоят мекунанд.

Аммо ҳукумати вилояти Хатлон мегӯяд, ки бо такя ба таҷрибаи мақомоти ноҳияи Вахш, қарор аст, ки дар фасли сармо ба афроди маъюбе мӯҳтоҷ маводи сӯхту баллонҳои газӣ ироа хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG