Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсмен аз ҳуқуқи муҳоҷирон дифоъ мекунад?


Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон
Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон

Омбудсменҳои Тоҷикистону Русия гуфтаанд, аз ҳуқуқи шаҳрвандони ин ду кишвар дар қаламравҳои худ ҳимоят хоҳанд кард.

Ахиран дар ин бора созиши ҳамкорӣ миёни омбудсменҳои Тоҷикистону Русия низ ба имзо расидааст.

Ин хабарро раҳбари шӯъбаи равобити байнулмилалии Омбудсени Русия дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ таъйид кард. Владимир Захаров гуфт, ин созишнома ҳангоми сафари Зариф Ализода, Омбудсмени Тоҷикистон ба Маскав ва дар ҷараёни дидору мулоқоти ӯ бо ҳамтои русаш Владимир Лукин имзо шудааст.

Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия, низ ин хабарро тасдиқ кард ва онро гоми муҳиме барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия хонд. Вай афзуд: “Ман бо ин созишнома ошно шудам. Дар он ҷо гуфта шудааст, омбудсменҳои ду кишвар муваззафанд, ки ҳуқуқи шаҳрвандони худро дар қаламравҳои ин ду кишвар ҳимоя бикунанд. Яъне, дар сурати нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистону Русия дар қаламравҳои ин ду кишвар омбудсменҳо метавонанд, ки ба он дахолат намоянд.”

Сафири Тоҷикистон дар Русия гуфт, тавре огоҳ аст, ташкили намояндагии Омбудсмени Тоҷикистон дар Русия дар назар нест. Ин дипломати тоҷик мегӯяд, дар ҳоли ҳозир барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ва дифоъ аз ҳуқуқи онҳо намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия фаъолият доранд.

Аммо Каромат Шарифов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик ба ин бовар аст, ки бояд намояндагии Омбудсмени Тоҷикистон дар гӯшаҳои мухталифи Русия ва барои ҳалли мушкили муҳоҷирони тоҷик ифтитоҳ ёбад. “Ин хуб аст, вақте ваколатдори ҳуқуқи инсон барои дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандони мо дар қаламрави кишварҳои дигар машғул бошад”,-гуфт ӯ.

Раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик мегӯяд, ҳоло дар зиндонҳои Русия теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон нишастаанд, ки дар баррасии парвандаҳои эшон иштибоҳ рух додааст ва хуб мебуд, агар Омбудсмени тоҷик ҳам ба он таваҷҷуҳ мекард.

Ҳафтаи гузашта Федератсиюни байнулмилалии ҳуқуқи башар якҷоя бо Маркази ҳуқуқи башар мавсум ба “Мемориал” гузориши худро зери номи “Тоҷикистон нерӯи корӣ содир мекунад, вале ба чӣ баҳое?” мунташир сохтанд. Дар ин гузориш омадааст, дар ҳоле ки аз нерӯи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба таври ҳамаҷониба сӯистифода мешавад, ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия бояд барои дифоъ аз ҳуқуқи аслии онҳо тадбирҳои бештар биандешанд.

Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, ҳоло дар Русия беш аз як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон кор мекунад ва солона ҷасади садҳо нафари онҳо, ки аз беморӣ ҷон медиҳанд ва ё кушта мешаванд, ба Ватан интиқол меёбад.
Гузашта аз ин, солҳои ахир наворҳои видеоӣ дар шабакаи Интернет пайдо шудаанд, ки озори муҳоҷирони ҷавони тоҷик аз сӯи сокинони маҳаллӣ дар Русияро нишон медиҳад.

Қонун роҷеъ ба ташкили Институти ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен моҳи марти соли 2008 аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расид ва Зариф Ализода моҳи майи соли 2009 ба ин вазифа таъйин гардид. Оқои Ализода ба унвони Омбудсмени тоҷик нахустин гузориши худро дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баҳори соли ҷорӣ ба раисҷумҳур пешниҳод кард.

Вале бо ин ҳол, соҳибназарон мегӯянд, дар Тоҷикистон то кунун ба моҳияти ин институт, ки ҳадафи он аслан ҳимояти ҳуқуқи инсонҳо аз амалкардаҳои ғайриқонунии ниҳодҳои давлатӣ аст, нарасидаанд. Бинобар ин, ниҳоди мазкур дар чашми мардум ҳамчун идораи давлатӣ менамояд.
XS
SM
MD
LG