Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, муҳоҷирон бо шиносномаи хориҷӣ биёянд


Константин Ромодоновский, раиси Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия
Константин Ромодоновский, раиси Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия

Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия гуфт, масъалаи вуруди муҳоҷирон бо шиносномаи хориҷиро баррасӣ дорад.

Константин Ромадановский, сардори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, гуфтааст, вуруди муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба Русия бояд тавассути шиносномаи хориҷӣ сурат бигирад.

Дар ҳоли ҳозир сокинони Тоҷикистон ин ҳақро доранд, ки бо шиносномаи дохилӣ ба Русия равуо намоянд. Дар баробари онҳо, шаҳрвандони Қирғиқистон, Беларус, Украина, Узбакистон, Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ низ аз ин ҳақ бархӯрдоранд.

Бар пояи иттилои хабаргузориҳои русӣ, ин пешниҳод нахуст аз тарафи Виктор Иванов, раиси Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия ироа шуда, аз тарафи роҳбарияти Хадамоти федеролии муҳоҷирати ин кишвар пуштибонӣ ёфтааст. Константин Ромодановский гуфтааст, "ин тасмим маънои сахттар кардани низоми вуруди муҳоҷирон ба Русияро надорад. Ин кор имкон медиҳад, баъзе расмиёти бюрократӣ аз байн бурда шавад. Масъалаи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷӣ ҷиддист ва мо сари масъала кор хоҳем кард."

Аммо масъулини Хадамоти федералии муҳоҷират ва ниҳоди мубориза бо маводи мухаддири Русия таъкид кардаанд, ки ҷорӣ кардани низоми раводид ё виза барои кишварҳои Шӯравии собиқ "мақсаднок" нахоҳад буд.
"На барои Тоҷикистон ва на Узбакистон зарурати ҷорӣ кардани низоми виза вуҷуд надорад. Мо роҳҳои дигари назорати мавҷи муҳоҷирони кориро дар ихтиёр дорем, ки бидуни ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои виза кор хоҳанд кард",-гуфтааст Ромодоновский.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳудуди як миллион сокини кишвар дар Русия кору зиндагӣ доранд. Аммо манобеи ғайрирасмӣ ин рақамро ҳудуди 2 миллион медонанд, ки танҳо дар соли гузашта бештар аз 3 миллиард доллар ба кишвар пул фиристодаанд. Яъне, пули фиристодаи онҳо дар соли 2011 беш аз 40 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил додааст.

Бонки марказии Русия мегӯяд, тайи нимсолаи аввали соли ҷорӣ тавассути бонкҳо аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиарду 500 миллион доллари амрикоӣ интиқол ёфтааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG